Ҳавопаймои Ан-26. Акс аз бойгонӣ

Дар дохили ҳавопаймо шаҳрвандони Русия набуданд

16
Ҳамаи мусофироне, ки дар дохили ҳавопаймои боркаш қарор доштанд, шаҳрвандони Украина ҳастанд, хабар доданд ба Консулгарии генералии Русия дар Бангладеш.

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар дохили ҳавопаймо Ан-26, ки дар соҳилҳои Бангладеш суқут кард, қарор доштани  шаҳрвандони Русия тасдиқ нашудааст, хабар доданд ба Консулгарии генералии Русия дар шаҳри Читтагонг.

"Мувофиқи маълумоти ба даст омада, дар дохили ҳавопаймо чор шаҳрванди Украина қарор доштаанд, маълумот дар бораи шаҳрвандони Русия тасдиқ нашуд. Мо аз мақомоти полис маълумоти мушаххас дар бораи мусофирон ва шиносномаҳои онҳо интизорем ",-мегӯянд дар консулгарӣ.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳавопаймои боркаши Ан-26, ки ба ширкати  True Aviation  тааллуқ дошт дар соҳилҳои Бангладеш суқут кард. Дар дохили ҳавопаймо чор нафар мусофир қарор дошт.

16
Барчаспҳо:
ҳалокати одамон, ҳавопаймо, сарозер шудани тайёра, суқут, садама, ширкати "True Aviation", Консулгарии генералии Русия, Русия, Читтагонг, Бангладеш
Мавзуҳо:
Суқути Ан-26 дар Бангладеш ва таҳқиқи ҳуввияти қурбониён (3)
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

"Сомон Эйр" барои овардани тоҷикистониён ба Истанбул мепарад: санаи парвоз дақиқ шуд

285
(Таҷдидшуда 12:44 08.08.2020)
Ширкати ҳавонавардии "Сомон Эйр" хабар медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия қарор дошта, хоҳиши баргаштан ба ватанро доранд, ба намояндаии дипломатии Тоҷикистон дар Туркия муроҷиат намоянд

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"  барои овардани тоҷикистониён ба Истанбул парвоз мекунад.

Бар хабари котиботи ширкати мазкур, парвоз дар масири Истанбул-Душанбе  санаи 11 - уми август сурат мегирад. Ҳадафи парвози махсус таҳвили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Туркия ба ватан арзёбӣ мешавад.

Тумани ғафс омили ба таъхир мондани парвози 130 ҳавопаймо аз Русия гардид

Зимнан, котиботи ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" иттилоъ медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши бозгашт ба ватанро доранд, метавонанд ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Туркия ва намояндагии "Сомон Эйр" дар Истанбул муроҷиат намоянд.

"Мутобиқи талаботи нави фурудгоҳи Истанбул ба сифати бори дастӣ ба дохили ҳавопаймо бо худ танҳо лептоп, ҷузвдони занона ва кӯдаконаро гирифтан мумкин аст. Амволи дигари мусофирон ҳамчун бағоҷ гузаронида мешавад", - таъкид мегардад дар хабар.

Зикр гардид, ки меъёри интиқоли ройгони бағоҷ дар самти Истанбул-Душанбе 20 кг муқаррар шудааст. Вақти парвоз аз Истанбул соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Бақайдгирии мусофирон аз соати 9:00 то 11:20 сурат мегирад.

Манбаъ меафзояд, тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Гузашта аз ин, мусофирон баъди фурудоӣ дар Тоҷикистон аз ташхис гузаронида шуда, то муайяншавии натиҷаҳои озмоиш дар минтақаи карантинӣ нигоҳ дошта мешаванд.

"Нафароне, ки дар онҳо сирояти Сovid-19 муайян мегардад, дар давоми 14 рӯз дар минтақаҳои карантинӣ бо ташхису табобат фаро гирифта мешаванд. Мусофироне, ки маълумотномаи гузаштани озмоишро бо натиҷаи "манфӣ" дар мӯҳлати 48 соат пеш аз вуруд доранд, бемамониат ба қаламрави кишвар роҳ дода мешаванд", - таъкид мешавад дар хабар.
285
Барчаспҳо:
Туркия, парвоз, Тоҷикистон, Сомон Эйр
Пост БДА в Хороге, архивное фото

БДА замони баргузории "Муоинаи техникӣ" дар ВМКБ - ро эълон карду онро ҳатмӣ гуфт

531
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ВМКБ аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки дар амалиёт фаъолона иштирок кунанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ ва РВКД дар ВМКБ барои аз муоиниа техникӣ гузаронидани нақлиёт ва ба пуррагӣ ҷамъ намудани андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт дар ВМКБ бо номи шартии "Назорат" амалиёти вижа мегузаронад.

"Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар ВМКБ ба саҳми ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки аз санаи 1-ум то 10-уми августи соли 2020 амалиёти муоинаи техникӣ гузаронида мешавад. Барои гузаронидани воситаҳои нақлиёт дар ноҳияҳои вилоят аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ автомошинаи сайёр сафарбар карда шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Аз аввали соли 2020 то 26-уми июли соли ҷорӣ теъдоди 7 ҳазору 950 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуда, 2 ҳазору 943 ронанда воситаҳои нақлиёти гуногунтамғаи худро дар қаламрави ВМКБ аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузарониданд.

Барои истифодабарандагони воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳкардашуда, ба 301 ронанда иҷозатномаи махсус барои сиёҳшиша дода шуд.

Гуфта мешавад, ки Ҳадафи асосии гузаронидани воситаҳои нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ин саривақт бартараф кардани камбудию норасогиҳои техникии воситаҳои нақлиёт ва дар ҳолати хуб қарор доштани автомашинаҳо буда, баҳри пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ равона гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки дар худи маркази ташхиси техникӣ хизматрасонихои БДА, боҷи давлатӣ, суғуртаи воситаҳои нақлиёт, ташхиси таҷҳизотҳои газӣ, муоинаи тиббии соҳибони воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст.

Ҳангоми гузаронидани воситаҳои наклиёт аз таҷҳизотҳои муосири техникӣ аз қабили санҷиши холати заҳрнокии партовҳои автомашинаҳо, таҷҳизоти рушноисанҷӣ таҷҳизоти санҷиши носозиҳои чамбараки автомашина ва таҷҳизот барои санҷиши тамоми қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо муҷаҳҳаз карда шудааст.

531
Барчаспҳо:
нақлиёт, мушкилоти техникӣ, техникӣ, ВМКБ

Ҷашнҳои рӯзи 9 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 22:50 08.08.2020)
Рӯзи нӯҳуми август аз Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ ҷашн грифта мешавад. Ҳамчунин дар Амрико аз Рӯзи ҳифзи ҷангал қайд мекунанд

Рӯзи 9 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1893  Бонки миллии  Италия таъсис дода шуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1912 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Туркия  6 ҳазор  нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 40 ҳазор нафар бе сарпаноҳ монданд.

Соли 1945 ба шаҳри Нагасакии Япония бомбаи атомӣ партофта шуд.

Соли 1992 дар  Барселона маросими пӯшидашавии бозиҳои XXV олимпӣ баргузор гардид.

Рӯзи 9 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2005 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Клай Кангвол бо Шоҳи Таиланд Пумипон Адунядед, ки аз соли 1950 тахтнишин буд, дидор ва мулоқот намуданд.

Соли 2008 масоили гуногунҷанбаи  Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2007  дар шаҳри Душанбе шабакаи нави радиошунавонии FM «Имрӯз» ба пахши барномаҳо шурӯъ намуд

Соли 2008 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок намуданд.

Соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон  маркази Минтақавии тавонбахшии кӯдакон ва наврасони маъюб ифтитоҳ ёфт.

Соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони "Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт" баргузор гардид

Ҷашнҳои рӯзи 9 август

Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ.

Рӯзи ҷумҳурӣ дар Сингапур.

Рӯзи миллии сулҳовар дар Канада.

Рӯзи ҳифзи ҷангал дар ИМА.

Рӯзи 9 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1945 – кинорежиссер Валерий Аҳадов.

Соли 1949 –ҳунарманд ва режиссер Юнус Юсуфов.

Соли 1974 – журналист Анора Саркорова.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон