Президенти АвтоВАЗ Николя Мор. Акс аз бойгонӣ

Сарвари кулли “Renault”-и Руминия президенти “АвтоВАЗ” интихоб шуд

21
(Таҷдидшуда 14:44 18.07.2016)
Тасмим дар бораи ба курсии роҳбари “АвтоВАЗ” такя задани Николя Мор рӯзи 4 апрел замоне, ки роҳбари қаблии ширкат Бу Андерсон ба иҷрои вазоифи худ хотима мебахшад, амалӣ мегардад.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Роҳбари нави "АвтоВАЗ" сарвари кулли Renault дар  Руминия Николя Мор интихоб гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ширкат.

"Alliance Rostec Auto BV", дар якҷоягӣ бо ширкати "Renault-Nissan" ва иттиҳодияи "Ростех", ки "АвтоВАЗ"-ро идора мекунанд, дар бораи ба ҳайси президенти ҶСК "АвтоВАЗ" интихоб шудани Николя Мор (Nicolas Maure) эълон медоранд",- омадааст дар хабар.

Қайд мегардад, ки қарор дар бораи таъини Николя Мор рӯзи 4 апрел замоне, ки роҳбари қаблии "АвтоВАЗ" Бу Андерсон ба иҷрои вазоифи худ хотима мебахшад, ниҳоӣ мешавад.

Вазири саноат ва тиҷорати ФР Денис Мантуров вазифаи муҳими роҳбари ҷадиди"АвтоВАЗа"- ро дар танзими бозори нақлиёт мебинад.

"Агар дар бораи рисолати роҳбари"АвтоВАЗ",  ҳарф занем, бешак ин пеш аз ҳама коҳиш додани арзиши истеҳсолии нақтиёт мебошад",- гуфт Мантуров.

Ӯ шарҳ дод, ки имрӯз  аз нуқтаи назари мантиқӣ истифодаи маҷмӯъи лавозимоти хориҷӣ барои гурӯҳи Renault, сари вақт ва зарурист.

Мавриди тазаккур аст, ки Бу Инге Андерссон вазифаи роҳбари кулли ҶСК "АвтоВАЗ"-ро шурӯъ аз соли 2014 ба ӯҳда дошт. Яке аз ҳадафи муҳимтарини ӯ ин  эҷоди симои мусбати ширкат ва баланд бардоштани сифати маҳсулот буд. Дар давраи роҳбарии ӯ зиёда аз 10 намунаи бренди Lada ва Renault Nissan истеҳсол гардида, ҳамчунин ихтисори назарраси  кормандон гузаронида шуд.

Соли 2015 хисороти "АвтоВАЗ"  мувофиқи Ҳисоботи Байналмилалии Стандартии Молиявӣ (ҲБСМ) дар муқоиса ба соли 2014 се маротиба зиёд шуда, 73,851 миллиард рубли русиро ташкил дод. Даромади ширкат коҳиш ёфт ва фурӯши сабукравҳои намунаи Lada дар Русия зиёда аз 30 фоиз кам шуд.

21
Барчаспҳо:
сарвари кулл, интихоб, нақлиёт, роҳбарӣ, ширкати "АвтоВАЗ", Вазирати саноати ФР, Бу Инге Андерссон, Николя Мор, Денис Мантуров, Руминия, Русия
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область

Мақомоти ВМКБ овозаҳои маҳдуд шудани ҳаракат аз Душанбе ба Хоруғро бепоя хонд

170
(Таҷдидшуда 15:55 28.05.2020)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, овозаҳои маҳдуд будани ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хоруғ воқеият надорад ва феълан роҳ кушода аст ва ягон маҳдудият ҷорӣ нагардидааст

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Рӯзҳои охир  дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳо оид ба баста шудани роҳи Душанбе — Хоруғ паҳн гардидаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ "Ховар" хабар дода, ки овозаҳои мазкур асоси воқеӣ надошта, айни замон  роҳи мошингарди Душанбе — Хоруғ кушода аст ва ягон маҳдудият ҷорӣ нагардидааст.

"Бо мақсади пешгирӣ намудани паҳншавии бемории сироятии коронавируси намуди нави COVID-19 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафтуомади сокинон  байни шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба муддати 10 рӯз маҳдуд мегардад. Рафту омад байни маркази вилоят ва шаҳри Душанбе маҳдуд нагардидааст, вале аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз сафари бе зарурат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон худдорӣ намоянд",- афзуд манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон дар ин бора дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, чунин тасмим ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона дар ин минатқа гирифта шудааст.

Вай афзуд, ки маҳдудият  ба истиснои кормандони соҳаи тандурустӣ ва кормандони ҳукумат дигар ба ҳамаи шаҳрвандон ВМКБ, рабт дорад.

Ғолиб Ниятбеков, таъкид кард, ки ин маҳдудият маҷбурӣ нест.

“Мақомот ба ҳамаи сокоинон вазъро фаҳмонда, аз сокинону меҳмонон хоҳиш кард, ки ин маҳдудияти мувақатиро риоя намоянд. Мошинҳои боркаш бидуни ягон маҳдудият равуо доранд. Маҳдудият танҳот барои сокинон аст. Аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки бидуни зарурат аз рафту омад худдорӣ кунанд”, - гуфт Ниятбеков.

То 27 майи соли равон дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар Тоҷикистон 1575 нафар шифо ёфтаанд.

170
Барчаспҳо:
бастан, роҳ, Душанбе-Хоруғ, ВМКБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Самолет на закате, архивное фото

Рӯзи ду парвоз аз Тоҷикистон ба Русия дақиқ шуд

1998
(Таҷдидшуда 12:52 24.05.2020)
Вазорати алоқаи Федератсияи Русия рӯзҳои нави парвози ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русияро эълом кард.

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Авохири моҳи май аз Тоҷикистон ба Русия ду парвоз роҳандозӣ мешавад, хабар медиҳад Вазорати алоқаи Русия дар шабакаи телеграм.

Хатсайрҳои ҳавоӣ дар доираи барномаи бозгардонии ҳамватанон ба Русия анҷом дода мешавад.

Ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Мюнхен парвоз кард

Бино ба реҷаи пешакӣ рӯзи 29 май хатсайри № SVR8424 аз Душанбе ба Маскав парвоз хоҳад кард. Ҳавопаймо соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ ба рощ мебарояд.

Манбаъ қайд мекунад, ки ин парвоз танҳо шаҳрвандони Русияро, ки дар Маскав, вилояти Маскав ва вилоятҳои Владимир, Иванов, Калужск, Рязан, Смоленск, Твер, Тулск, Ярослав, Брянск, Орловск, Липетск, Тамбов, Воронеж, Курск, Псков, Новгород, Вологода, Костромск Нижегородск, Пензенск, ҳамчунин Мардовия ба сар мебаранд, ба Русия хоҳад овард.

Ғайр аз ин рӯзи 30 май соати 19:00 хатсайри №SVR8880 аз Душанбе ба Санкт-Петербург парвоз хоҳад кард.

Рӯзи парвози навбатӣ аз Тоҷикистон ба Русия дақиқ шуд

"Ин парвоз танҳо барои шаҳрвандони Русия, ки дар Петербург, вилояти Ленинград, Псков, Новгород, Вологод, вилоятҳои Калининград ва Карелия роҳандозӣ мешавад", - афзуданд дар Вазорати алоқа.

Манбаъ афзуда, ки хоҳишмандон барои парвоз кардан бояд пешопеш дар портали госуслуг сабти ном шаванд ва дар асоси ин муроҷиатнома рӯйхати парвозкунандагон омода карда мешавад.

1998
Барчаспҳо:
парвоз, Тоҷикистон, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Карантин в Узбекистане

Карантин дар Ӯзбкистон тамдид шуд: то 15 июн

0
(Таҷдидшуда 18:33 30.05.2020)
Дар қисматҳои "сабз" аз рӯзи душанбе аллакай майдонҳои варзишӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо ва урдугоҳҳо ба фаъолият медароянд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Ӯзбекистон карантин то 15 июни соли равон тамдид шуд. Қарори мазкур аз ҷониби комиссияи мубориза бо коронавирус қабул шудааст.

"Чораҳои маҳдудкунанда ба хотири паҳншавии камтари вируси корона дар Ӯзбекистон то 15 июн тамдид шуд", - гуфта мешавад дар шабакаи телеграмии Вазорати адлия.

Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

Мувофиқи қарори комиссия дар қисматҳои "зард" кори ташкилотҳое, ки ба омода кардани ронандаҳо, мақомоти давлатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ оғоз хоҳад шуд.

Дар қисматҳои "сабз" аз рӯзи душанбе аллакай майдонҳои варзишӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо ва урдугоҳҳо ба фаъолият медароянд.

Пойтахти Ӯзбекистон пурра карантин шуд: гирифторони коронавирус дар ин кишвар меафзояд

"Дар баробари ин чорабиниҳо танҳо дар миқёси маҳалли зист баргузор карда мешаванд ва шумораи меҳмонон набояд аз 30 нафар бештар бошад", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки аз 1 апрел то 1 июн мақомоти Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд ва дигар манотиқи кишвар чораҳои маҳдудкунандаро ҷорӣ кард.

Ва аз 30 апрел қисман низоми шадидро сусттар кард.

0
Барчаспҳо:
тамдид, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон