Ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр. Акс аз бойгонӣ

Хатсайри мустақим Душанбе ва Лоҳурро мепайвандад

41
(Таҷдидшуда 15:20 10.04.2016)
Ширкати хусусии щавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоыикистон ба ин ицдом даст мезанад. Парвоз миёни Тоҷикистону Покистон аз 7 майи соли равон шурӯъ хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар бораи ифтитоҳи хатсайри ҷадид миёни Душанбе ва Лоҳур сафири Покистон дар ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сом аснои маросими кушодашавии намоишгоҳи маҳсулоти Покистон пойтахти кишвар иброз дошт.

Ӯ қайд кард, ки ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни ин шаҳрҳо ба пешбурд ва рушди савдо миёни кишварҳо ва боз ҳам наздиктар шудани робитаҳои мардуми ҳар ду давлат мусоидат мекунад.

Ба амалисозии ифтитоҳи ин хатсайр ширкати хусусии тоҷикистонии «Сомон Эйр» иқдом кард. Сафир ба роҳбарияти ин ширкат изҳори сипос намуда, илова намуд, ки умедворем, минбаъд баҳри иқдомоти нав дар самти наздикшавии халқҳоямон қадамҳои нав ба нав гузорем.

Созишнома дар бораи кушодани хатсайр миёни Тоҷикистону Покистон ҳанӯз соли 2010 ба имзо расида буд.

41
Барчаспҳо:
хатсайр, ҳавопаймо, мустақим, намоишгоҳи маҳсулоти Покистон, "Сомон Эйр", Тариқ Иқбол Сом, Лоҳур, Покистон, Душанбе, Тоҷикистон