Ҳавопаймои Тоҷик эйр. Акс аз бойгонӣ

Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, барои ҳалли мушкилӣ ба Маскав омаданд

33
(Таҷдидшуда 14:08 07.11.2016)
Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Русия масъалаи ҳаракатҳои ҳавоии Тоҷикистону Русия баррасӣ мешавад, натиҷаҳо пас аз нисфирӯзӣ муайян карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 07 ноя — Sputnik. Ҳайъати вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои гузаронидани гуфтушунидҳо оид ба масъалаҳои ҳаракати ҳавоӣ байни ду кишвар, ба  Маскав омад.

Нуқтаи назари Русия дар ин бора то ҳол тағийр наёфтааст, натоиҷи гуфтушунидҳо баъд аз нисфирӯзӣ муайян карда мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ФР.

"Ҳайъати ҳаракатҳои ҳавоии Тоҷикистон ба Маскав расиданд. Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Русия гуфтушунид баргузор карда мешавад",- хабар доданд аз хадамоти матбуот.

Вобаста ба ин,  Русия метавонад ҳаракатҳои ҳавоии хешро ба Тоҷикистон аз санаи 8-уми ноябр қатъ гардонад, то ин ки ҳуқуқи ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар вайрон карда нашавад. Ҳафтаи гузашта дар Бишкек Русия ва Тоҷикистон эҳтимолияти қатъ намудани ҳаракатҳои ҳавоии байни ду кишварро баррасӣ намуданд.

Муовини вазири  Вазорати нақлиёти ФР хабар додааст, ки то ҳол оиди ин масъала натиҷаҳои аниқ муайян карда нашудааст. Онҳо(натиҷаҳо) метавонанд ғайричашмдошт ҳосил шаванд, аммо ба ҳар ҳол ин масъаларо муассиса ва ширкатҳои ду кишвар баррасӣ мекунанд, мегӯяд вай.  Муовини вазир қайд намуд, ки дар вохӯрие, ки  дар Бишкек баргузор шуд,  ҷониби Русия ҷадвали зимистонаи авиатсияи Тоҷикистонро то санаи 8-уми ноябр тасдиқ кардааст.

33
Барчаспҳо:
баррасии ҳаракатҳои ҳавоӣ, Ташрифи ҳайати Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт, Тоҷикистон- Русия

Тоҷикистон боз аз рӯйхат берун монд: Русия бо 4 давлати дигар парвозҳо барқарор кард

4072
(Таҷдидшуда 12:51 19.09.2020)
Ба ҷузъ аз Тоҷикистону чанд давлати дигари Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия бо кишварҳои дигар парвозҳои чартериро бекор кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сар аз 21 - уми сентябр Русия тамоми парвозҳои чартериро бекор мекунад, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус.

Аммо Тоҷикистон ин навбат низ аз рӯйхати давлатҳое, ки минбаъд парвозҳо аз Русия ба он ҷо бидуни чартер роҳандозӣ мешаванд, боз канор монд.

Дақиқан маълум нест, ки аз кай равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия бе парвозҳои чартерӣ барқарор мешавад.

Сафир дар бораи зиёдшавии парвозҳо, кушодани поездҳо ва қарантинаи дигар  

Зимнан, давлати Русия боз бо чаҳор кишвари дигар, аз ҷумла Қирғизистон, Белорус ва Қазоқистон иҷозати парвозҳои мустақим дод. 

Ҳамчунин, сар аз 27 - уми сентябр, парвозҳо аз Русия самти Кореяи Ҷанубӣ амалӣ мешаванд. Ин парвозҳо ҳафтае як маротиба сурат мегиранд.

Ҳар рӯз 3-4 парвоз: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Таассуфовар он аст, ки аз барқарор шудани равобити ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон хабаре нест. Бар тибқи баъзе маълумотҳо, эҳтимол равобити ҳавоӣ миёни ин ду кишвар моҳи оянда барқарор шавад.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён доштанд, аммо Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.

4072
Барчаспҳо:
барқарор кардан, парвозҳо, Тоҷикистон, Русия
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Маскав оғози парвозҳо ба Душанбе аз моҳи октябрро баррасӣ дорад-расонаҳо

5307
(Таҷдидшуда 14:23 15.09.2020)
Русия аз сар гирифтани парвозҳо ба пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар моҳи октябрро баррасӣ дорад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Маскав масъалаи оғози парвозҳо бо пойтахтҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ дорад, хабар дод “Интерфакс” аз қавли манобеи огоҳаш.

Дар назар аст, ки парвозҳо моҳи октябр аз сар гирифта шаванд.

“Дар навбати аввал низоми оғози парвозҳо дар моҳи октябр бо пойтахтҳои кишварҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дорад. Феълан сухан дар бораи оғози парвозҳо ба Нур-Султон, Тошканд, Баку, Ераван, Душанбе ва ғайра меравад”, - изҳор дошт манбаъ.

Интизор меравад, нахустин парвозҳо аз Маскав ба Минск оғоз мешаванд.

Мусоҳиби хабаргузорӣ таъкид намудааст, ки санаи дақиқи оғози парвозҳо ҳанӯз муайян нашудааст.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён доштанд, аммо Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.

5307
Барчаспҳо:
ИДМ, Русия

Муроҷиати видеоии Путин ба Маҷмаи умумии Созмони милал

0
(Таҷдидшуда 21:23 20.09.2020)
Ин муроҷиати видеоии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тамоми ҷаҳон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти ҳафтоду панҷумини Маҷмаи умумии СММ тамошо хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти 75-умини Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид иштирок мекунад.

Тавре телевизиони "Россия 1" гузориш медиҳад, президент аллакай махсус барои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Путин дар назди овезае, ки дар он "Ояндаи ҳама бо қувваи ҳама" навишта шудааст, суханронӣ мекунад.

Афзун бар ин дар навор, бастаи ғафсеи коғазҳоро метавон дид, ки бо он сарвари кишвар навор сабт кардааст.

Ҳафтаи дараҷаи олии нишасти 75-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз 22 то 29 сентябр баргузор мешавад.

Бо далели пандемия, чорабинӣ дар "формати виртуалӣ" баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар толор аз ҳар як кишвар як намоянда иштирок хоҳад кард.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Маҷмаи умумӣ ба роҳбарони кишвар ва вазирон пешниҳод кардааст, ки баромадҳояшонро сабт кунанд ва онро дар толор намоиш хоҳанд дод. Давомнокии видео на бояд бештар аз 15 дақиқа бошад.

Навори муроҷиати Путинро дар рӯзи ифтитоҳи нишаст - 22 сентябр намоиш медиҳанд.

Бино бар иттилои котиботи СММ, созмон аз роҳбарони 26 кишвар чунин навор дарёфт кардааст.

0