Роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ

Эҳтимол аст, роҳи оҳани байни Тоҷикистону Узбакистон боз шавад

227
(Таҷдидшуда 13:59 18.11.2016)
Оғози таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Узбакистон метавонад натанҳо ба алоқаи ҳавоӣ, балки ба роҳи оҳан низ таъсири мусбат дошта бошад

 ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Эҳтимол аст, Узбакистон ва Тоҷикистон алоқаи роҳи оҳанро боз кунанд, хабар медиҳад Uzmetronom.com.

"Эҳтимол аст, ки корҳои азнавбарқароркунии роҳи оҳан, ки қисми марказии Узбакистонро бо водии Фарғона мепайвандад ва аз Тоҷикистон мегузарад шурӯъ шавад. Барқароршавии роҳи оҳан ва интиқоли бор тариқи ин роҳ ба ҳардуи кишвар ҳам манфиатовар хоҳад буд",-қайд мегардад дар хабар.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки қисми роҳи оҳани Тирмиз-Қурғонтеппа, ки соли 2011 бо сабаби хароб будани роҳ аз ҷониби мақомоти Узбакистон баста шуда буд, барқарор карда шавад.

Вақтҳои охир муносибатҳои  байни Тоҷикистону Узбакистон нисбатан гарм шуда истодааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки намояндагони ду кишвар оид ба захираҳои об ва масъалаҳои сарҳадӣ муҳокимаронӣ карда, дар мавриди рушди муносибатҳои минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.

227
Барчаспҳо:
боз кардани роҳи оҳан, Рушди муносибатҳои ду кишвар, барқарорсозӣ, роҳи оҳан, Узбакистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Коршинос: Трамп дар бораи Тоҷикистон ва Узбакистон дониши "базавӣ" дорад
Тоҷирони Узбакистон хостори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд
Кормандони давлатии Узбакистон соҳиби иҷозатномаи зист дар Тошканд мегарданд