ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ҳаракатҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар ояндаи наздик оғоз мешаванд.
Ба гуфти директори генералии ширкати ҳавоии "Узбекские авиалинии" Валерия Тян ҳукумати ду кишвар аллакай созишномаи байниҳукуматиро оиди оғози парвозҳои мустақим барои имзо омода карданд.
"Хатсайри мустақим аз Тошканд ба Душанбе ба зудӣ оғоз мешавад",-изҳор дошт Тян.
Ёдовар мешавем, ки алоқаи ҳавоӣ миёни ду кишвари ҳамсоя ҳанӯз соли 1992, зимни шурӯъ шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ карда шуд.
Қаблан қайд гардид, ки парвози аввалин дар хатсайри Душанбе-Тошканд дар авоили моҳи январи соли 2017 дар назар аст. Парвозхо аз рӯи хатсайри мазкур аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва "Узбекистон ҳаво йўллари" ҳафтае ду маротиба анҷом дода мешаванд.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Парвози ҳавопаймои ширкатии ватании "Сомон Эйр" дар масири Душанбе - Истанбул бинобар ноустувор будани ҳаво бо таъхири панҷсоата парвоз кард.
Тибқи ҷадвале, ки дар бинои Фудургоҳи байналмилалии Душанбе ҳаст, парвози ҳавопаймо самти Истанбул мебоист соати 06:20 дақиқа сурат мегирифт. Аммо бинобар барфрезии шадид дар Тоҷикистон, ҳавопаймо соати 11:30 дақиқа фурудгоҳи Душанберо тарк кард.
"Мувофиқи ҷадвал ҳавопаймо мебоист соати 6:20 парвоз мекард. Аммо бинобар номусоидии обу ҳаво парвоз ба таъхир афтод ва танҳо соати 11:30 дақиқа сурат гирифт", - изҳор доштанд дар фурудгоҳи Душанбе.
Теъдоди парвозҳо аз Душанбе ба Стамбул ва Дубай афзоиш ёфтанд
Тибқи иттилои ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр", парвозҳо самти Истанбул ҳафтае як маротиба, рӯзҳои панҷшанбе иҷро мешаванд.
"Вақти парвоз аз Душанбе 06:00, аз Истанбул 10:45 ба вақти маҳаллӣ мебошад", - таъкид кард манбаъ.
Тасмими барқарор намудани парвозҳо дар масири Душанбе-Истанбул тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва бо назардошти риояи ҳатмии санитарию эпидемикӣ гирифта шудааст,гуфта буд директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Икром Субҳонзода.
ДУШАНБЕ, 20 январ - Sputnik. Uzbekistan Airways парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро аз сар гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.
Нахустин парвози ҳавопаймо дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд имрӯз, 20 январ пас аз танаффусе, ки аз баҳор ба ин сӯ ба далели пандемияи коронаиврус идома кард, сурат гирифт.
Манбаъ мегӯяд, дар оянда парвозҳо рӯзи чоршанбе тибқи ҷадвал сурат мегиранд.
Ҳавопаймо аз Тошканд соати 8-и субҳи ба вақти маҳаллӣ парида, пас аз як соат дар пойтахти Тоҷикистон фуруд омад.
Бозгашти ҳавопаймо аз Душанбе соати 11 бо вақти маҳаллӣ сурат гирифта, соати 12-и нисфирӯзӣ вориди Тошканд мешавад.
Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон аз 16 марти соли 2020 бо сабаби таҳдиди паҳншавии COVID-19 иртиботи нақлиёти мусофирбарро бо кишварҳои дигар қатъ кард.
Барои шаҳрвандон ва ҳамватанони хориҷӣ парвози махсуси содиротӣ ба ватанашон ташкил карда шуд.
Пешниҳоди Тоҷикистон барои оғози парвозҳо ба Русия: шарҳи сафир
Охирин парвози махсус байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 5 январ сурат гирифт.
Қаблан, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба хабарнигорон гуфта буд, ки ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр" низ парвозҳо дар масири Душанбе - Тошкандро ҳар ҳафта - рӯзҳои ҷумъа анҷом медиҳад.
Соли 1939 дар Чили заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натича зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 1946 Комиссияи СММ оид ба энергияи атомӣ таъсис дода шуд.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории мутақобиланд судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия муҳокима карда шуданд.Соли 2014 пас аз анҷоми ҷаласаи 12-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ шартномаи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
Соли 2008 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 қабул гардид.
Соли 2010 намояндагии дипломатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.
Соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бозии кушодашавии Ҷоми "Иттиҳод-2014" миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония бо натиҷаи мусовӣ 2:2 ба анҷом расид.
Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2017 дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими баимзорасии 10 лоиҳаи нави Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ ба имзо расид.