Тайёраи ширакати ҳавоии Ямал, акс а бойгонӣ

Ҳуҷҷатҳои “Ямал” ба Тоҷикистон равон шуд: парвозҳо баъди 45 рӯз

81
(Таҷдидшуда 18:14 08.02.2017)
Раванди мувофиқакунии парвозҳо 45 рӯзро дарбар мегирад, баъд аз он метавон парвозҳоро аз фурудгоҳи Жуковскии Маскав ба Тоҷикистон ба роҳ монд, мегӯяд Андрей Дубров

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ширкати "Ямал" ба ҳукумати Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои лозимаро барои тасдиқ кардани парвозҳо ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи "Жуковский" равон кард, хабар дод ба  РИА Новости директори тиҷоратии ширкат Андрей Дубров.

"Метавон гуфт, ки гуфтушунид бо ҳукумати ҳавоии Тоҷикистон дар бораи парвозҳо аз фурудгоҳи Жуковский  аз шакли шифоҳӣ ба ба хаттӣ табдил ёфт.  Мо ба Тоҷикистон  формаи махсус- ҳуҷҷатҳоро равон кардем. Онро дар Душанбе барои тасдиқ намудан, тафтиш мекунанд",- мегӯяд  Андрей Дубров.

Ба гуфтаи вай, раванди мувофиқакунии парвозҳо 45 рӯзро дарбар  мегирад. "Пештар, мо ба назар гирифта будем, ки аз санаи 27-уми март парвозҳои ширакатро оғоз мекунем. "Ҳоло бошад, мегӯем, ки шояд, ин сана як ду рӯз тағийр ёбад",- мегӯяд директори тиҷоратии ширкати "Ямал".

Охирҳои моҳи январ вазорати нақлиёти ФР изҳор дошта буд, ки парвозҳои "Ямал" ба Тоҷикистон аз тобистони соли 2017 сар мешавад.

Ширкати "Ямал" дар муносибатҳои ҳавоии Тоҷикистону Русия баҳси калонро ба вуҷуд овард. Дар охир, баъди Сафари муовини сарвазири Русия Игор Шувалов Тоҷикистону Русия ба мувофиқа омаданд, ки Тоҷикистон ба парвозҳои ширкати Ямал" аз  баҳори соли ҷорӣ иҷоза медиҳад, Русия бошад дар навбати худ, маҳдудиятҳои гузоштаашро   ба "Сомон Эйр" мебардорад.

81
Барчаспҳо:
ҳуҷҷат, иҷозаи парвоз, Ширкати ҳавоии "Ямал", Андрей Дубнов, Тоҷикистон-Русия
Международный аэропорт Ташкента

"Тахминӣ буд": чаро парвоз ба Тошканд анҷом нашуд?

411
(Таҷдидшуда 14:40 28.10.2020)
Мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон сабаби анҷом нашудани парвоз аз Душанбе ба Тошкандро ба дақиқ нашудани шароит марбут медонанд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Як манбаъ дар Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, санаи парвоз, ки аз сӯи шарикони ӯзбек эълон шуд, тахминӣ буд ва дар ин миён ҷонибҳо ҳамоно рӯи шароити хоси парвоз дар шароити пандемияи "вируси корона" ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидаанд.

"Дар ҳамин чанд рӯзи наздик мо бо намояндагони се ниҳоди ҳавонавардии Ӯзбекистон тариқи онлайн ба машварат менишинем. Мавзӯъ ҳам ин аст, ки парвозҳо чӣ гуна бо назардошти шароити вазнини пандемия анҷом шаванд, аз ҷумла вазъи беҳдоштии тайёраҳо, қабулу гусели мусофирин. Имкон надорад, ки як таърихро мушаххас бигӯем", - гуфт ин манбаъ.

Қаблан расонаҳо аз санаҳои мухталифи анҷоми парвози Душанбе – Тошканд – Душанбе маълумоти мухталиферо ироа намуда буданд. Гуфта мешуд, ки парвози аввалин 28 октябр анҷом мешавад, аммо баъдтар ин сана ба 1 декабр ва ниҳоят ба 1 январи соли оянда кӯч кард.

Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, анҷоми парвозҳо дар замони пандемия имкон дорад, аммо бояд қавоиди беҳдоштӣ муроот шаванд.

"Тавре мебинем, миёни кишварҳое парвозҳо анҷом мешаванд, ки вазъи беҳдоштӣ бамаротиб вахимтар аз Тоҷикистону Ӯзбекистон аст. Ҳар чӣ зудтар анҷом шудани парвозҳоро ҳарду ҷониб ба нафъи худ медонанд", - гуфт ӯ.

"Сомон айр": "Омодаем!"

Дар ҳамин ҳол, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон масъулини "Сомон айр", ширкати масъули анҷоми парвози Душанбе – Тошканд – Душанбе, гуфтанд, ки ҳеҷ дастури дақиқе дар ин маврид пайдо накардаанд.

"Мо аз ҷониби худ барои анҷоми ин парвоз омода ҳастем. Ҳоло мунтазирем, ки аз ҳукумат чӣ дастур мешавад. Ҳалли ин масъала дар салоҳияти мақомоти болоӣ аст. Мо омодаи парвозем", - гуфтанд онҳо.

Парвози Душанбе – Тошканд – Душанбе аз 16 марти сол ҷорӣ ба далели густариши "вируси корона" дар ҷаҳону Осиёи Марказӣ ва эълон шудани пандемия аз сӯи Созмони ҷаҳонии беҳдошт мутаваққиф шуда буд.

Дар пайи ин Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳамроҳи соири кишварҳои ҳамсоя аз 16 март марзҳои заминии худро низ бастанд.

Ӯзбекистон ҳанӯз 18 сентябр қарори убуру мурур тариқи роҳҳои заминӣ, оҳан ва ҳавоияшро аз 1 октябри соли равон бо риояи қатъии қоидаҳои карантину беҳдоштӣ содир намуд.

Дар пайи ин, 28 – 29 сентябр як ҳайати расмии ин кишвар бо раҳбарии Абдулло Орифов, нахуствазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад ва масоили ҳамкории ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла роҳандозии парвозҳоро баррасӣ кард.

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, парвозҳо барои густариши равобити иқтисодии ду кишвар дар замони буҳрон такони ҷиддӣ мебахшанд, аз ин хотир, роҳандозии онҳо дар ояндаи наздик ба нафъи ҳарду ҷониб аст.

411
Барчаспҳо:
лағв, "Ӯзбекистон ҳаво йуллари", Тоҷикистон, парвоз
Новая эстакада в Душанбе

Роҳбандӣ дар Душанбе: ҳаракати нақлиёт дар кадом кӯчаҳо маҳдуд мешавад

727
(Таҷдидшуда 12:39 28.10.2020)
Бозрасии давлатии автомобилӣ бо нашри як эълон хабар дода, ки тайи 11 рӯз, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар якчанд роҳу кӯчаҳои шаҳри Душанбе маҳдуд мешавад

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мегӯяд, роҳҳо бинобар баргузории машқҳои омодагӣ ба паради ҳарбӣ дар майдони Дӯстии пойтахт баста мешаванд.

"Аз 19 октябр ҳамарӯза аз соати 18:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ- Бухоро, Шероз, Ҷ.Икромӣ, Рӯдакӣ-Шоҳтемур, Бохтар-Теҳрон, Теҳрон-Шероз ва Рӯдакӣ-Фотеҳ Ниёзӣ то анҷоми он муваққатан маҳдуд карда шудааст, ки он  то 30 октябри соли равон идома меёбад", - омадааст дар эълон.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ "Ховар" нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, майори милитсия Мирзохон Саидов хабар додааст.

Эълони шаш рӯзи роҳбандӣ: кадом шоҳроҳу кӯчаҳо баста мешаванд?

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз кӯчаҳои Айнӣ, Ҳ.Шерозӣ, С.Шерозӣ, М. Турсунзода, Дӯстии халқҳо ва дигар кӯчаҳои ба ин минтақаҳои роҳ ҳамшафат бо риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ истифода баранд.

Ҷилавгирӣ аз сонеҳаҳои нақлиётӣ: пулис муоинаи техникии мошинҳоро тафтиш мекунад

727
Барчаспҳо:
роҳбандӣ, Душанбе

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

0
(Таҷдидшуда 20:06 28.10.2020)
Ба гуфти вакил сабукӣ барои муҳоҷирони метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русияро ба бор орад ва ба амният хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод карда, ки қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" ислоҳ карда шавад ва барои бархе аз гурӯҳи муҳоҷирон патент бекор гардад.

Светлана Бессараб, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон, дар суҳбат бо Парламентская газета аз чунин навоварӣ интиқод кард.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

"Ман ба чунин ташаббус эҳтиёткорона муносибат мекунам. Тавре таҷриба нишон медиҳад, аз ҷумла дар кишварҳои Урупо, на ҳамеша пур кардани ҷойҳои корие, ки мардуми бумӣ намехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, хуб аст. Аксар вақт ин амалкард бо амнияти давлатӣ алоқаманд аст". қайд кард Бессараб.

Вакил афзуд, ки чунин навгониҳо барои муҳоҷирони сохтмончӣ метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русия ва иттифоқҳои касабаро ба бор орад.

Чунин вокуниш махсусан имрӯзҳо, ки сатҳи бекорӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст, интизоршаванда мебошад.

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

Рӯзи 26 октябр Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо.

Рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

0
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, хатар, патент, Русия