Фурудгоҳи Жуковский

Вазорати таробарии Тоҷикистон Русияро муттаҳам ба паймоншиканӣ кард

102
(Таҷдидшуда 11:33 03.04.2017)
Як масъули Вазорати таробарии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони ҳавонавардии кишварии Русияро муттаҳам ба нақзи қарордоди мусофирбарии ҳавоӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Як масъули Вазорати таробарии Тоҷикистон созмони ҳавонавардии кишварии Русияро муттаҳам ба нақзи қарордоди мусофирбарии ҳавоӣ кард.

Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, ин масъули Идораи ҳавонавардии кишварӣ, гуфта, ки номаи Вазорати таробарии Русия дар бораи маҳдудсозии парвозҳои ширкати "Сомон Эйр" чанде пеш дарёфт шудааст.

Ин масъул, ки номаш оварда нашудааст, афзудааст: "Дар чорчӯби иҷрои протоколи нишасти комисюни байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ки моҳи январи соли равон баргузор шуд, ширкати ҳавопаймоии "Ямал" раводиди анҷоми парвоз дар масирҳои Жуковский — Душанбе — Жуковский ва Жуковский — Хуҷанд — Жуковский дар мавсими тобистон, яъне аз поёни моҳи апрелро, дарёфт кард".

Вай гуфт, "Русия бо маҳдуд кардани парвозҳои ширкати мусофирбарии "Сомон Эйр" қарордоди мусофирбарии ҳавоиро нақз кард".

 

Чуноне ки пештар хабар дода будем, Вазорати таробарии Русия аз соати 05:30 UTC 3 апрел парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз Душанбе (4 парвоз дар ҳафта) ва аз Хуҷанд (3 парвоз дар ҳафта) маҳдуд кард.

102
Барчаспҳо:
Ямал, Сомон Эйр, Вазорати таробарӣ, Тоҷикистон-Русия
Мавзуъ
Русия дубора парвозҳои "Сомон Эйр"-ро маҳдуд кард
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото

Сабукӣ барои вакилони парлумон: рафтуомади ройгон дар автомобил, қатор ва ҳавопаймо

409
(Таҷдидшуда 15:26 31.10.2020)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа дар парлумони гуфт,  узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди шаҳодатнома метавонад аз аз нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоии мусофирбар дар қаламрави ҷумҳурӣ ройгон истифода барад. Ӯ таъкид намуд, ки дар ин бахш танҳо таксӣ истисно мебошад.

“Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ ва автомобилии мусофирбари шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ройгон истифода намоянд”, - хабар дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Азим Иброҳим.

Ӯ афзуд, шахсе, ки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки маъюби гурӯҳи якуманд, ҳамроҳӣ мекунад, чунин ҳуқуқро дорад. Т

Ба гуфтаи Азим Иброҳим, тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон аз тағйироти мазкур ҷонибдорӣ карданд.

409
Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году

Роҳбандиҳо ҳангоми савганди Раҳмон дар Душанбе: эълони ВКД

1669
(Таҷдидшуда 16:02 29.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки аз субҳи барвақти 30 октябр дар робита ба маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон ҳаракат дар ҷодаҳои марказии шаҳри Душанбе мутаваққиф мешавад

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба далели маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Исмоили Сомонӣ 30 октябри соли 2020 ҳаракати мошинҳо муваққатан қатъ мегардад.  

Манбаъ афзуд, аз соати 06:00-и субҳ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Шоҳтемур, аз кӯчаи И.Сомонӣ то Бухоро-кӯчаи Ҷ.Икромӣ, аз кӯчаи Шевченко то хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Теҳрон, аз кӯчаи Шероз то М.Турсунзода, кӯчаи Бохтар, аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи М.Миршакар, хиёбони Рӯдакӣ- аз кӯчаи Карамов то Бухоро, кӯчаи У.Хайём, аз кӯчаи Шарқ то кӯчаи Карамов ва кӯчаи И.Сомонӣ - гардиши кӯчаи Ҳ.Шерозӣ то анҷоми паради низомӣ  муваққатан маҳдуд карда мешавад.

ВУД Тоҷикистон аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯз аз кӯчаҳои С.Айнӣ, С.Шерозӣ, А. Дониш, Дӯстии халқҳо то давродаври кӯчаи Лоҳутӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ  ва дигар кӯчаҳои ба ин минтақаҳои роҳ ҳамшафат бо риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ истифода баранд.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ғолиби интихоботи президентӣ дар ҷаласаи муштараки ҳар ду палатаи парлумон барои ба кор шурӯъ кардан савганд ёд мекунад.

Ёдрас мешавем, ахиран дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

1669
Барчаспҳо:
интихобот, савгандёдкунӣ, эълон, Тоҷикистон
Пожар, архивное фото

Сержант то омадани оташнишонҳо сӯхторро хомӯш кард

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, новобаста аз бурдани корҳои зиёди пешгирикунанда, ҳамоно бисёре аз масъулини дӯкону марказҳои савдо, мағозаву бозорҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро нодида мегиранд

ДУШАНБЕ,  31 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, шаби 29 ба 30-юми октябри соли равон тахминан соати 01:00, дар маҳаллаи 91-уми шаҳри Душанбе, дар нуқтаи савдои тезтайёр сӯхтор сар зад.

"Дар ин ҳангом корманди ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед, ки дар ин минтақа хизмат мебурд, ин ҳодисаро пай бурда, дар баробари хабар додани ба бахши оташнишонӣ, худ низ дарҳол аз паи хомӯш намудани сӯхтор мешавад. Мавсуф ба воситаи тирезаи нуқтаи савдо ворид онҷо шуда, оташро дар як муддати кӯтоҳ хомӯш мекунад", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, дар натиҷа аз таъсири алангаи оташ қисми рости пешонии сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед осеб дидааст. Айни ҳол номбурда бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар Раёсати тибби ВКД таҳти муоинаи табибон қарор дорад.

ВУД таъкид кардааст, ҷасорат, масъулият ва садоқати корманди милитсия буд, ки ин ҳодисаи сӯхтор хомӯш карда шуду дигар ашёҳои нуқтаи савдо аз коми оташ эмин нигоҳ дошта шуданд.

0
Барчаспҳо:
оташхомӯшкунӣ, сӯхтор, Тоҷикистон