Таъмири роҳ, акс аз бойгонӣ

Вазорати таробарии Тоҷикистон роҳҳои кишварро навсозӣ хоҳад кард

66
(Таҷдидшуда 15:58 13.04.2017)
Тарҳи навсозии роҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа пурҳазинатарин тарҳест, ки Вазорати таробарии Тоҷикистон дар нақша дорад то поёни соли 2017 иҷро кунад

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Вазорати таробарии Тоҷикистон дар нақша дорад ки то поёни соли 2017 чаҳор тарҳи таъмиру навсозии роҳҳоро иҷро кунад.

Бино ба гузориши вазорати таробарӣ, дар назар аст ки роҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа ва бахшҳое аз роҳи Кӯлоб — Дарвоз, аз ҷумла Кӯлоб — Шамсиддини Шоҳин ва Шкев — Қалъаи Хумб таъмиру бозсозӣ шаванд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз Бонки тавсеъаи Осиёӣ 319 милюн дулор сармоя дар чорчӯби барномаи ёрирасониҳои молӣ барои солҳои 2017-2019 дарёфт кардааст.  

Бахше аз ин сармоя барои таъмири роҳҳои кишвар ҳазина карда хоҳад шуд. Бақияро дигар барои фароҳамсозии шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва таъмини амнияти хӯрокӣ ва рушди бахши энержӣ сарф хоҳанд кард.

Пеш аз ин Бонки тавсеъаи Осиёӣ ва Тоҷикистон тавофуқномае ба арзиши куллии 100 милюн дулор барои иҷрои ду тарҳ имзо карда буданд: яке тарҳи беҳсозии роҳи 105-килоуметрии Душанбе — Қӯрғонтеппа ва дигаре тарҳи беҳсозии мудирияти захираҳои обӣ дар обхези рӯди Панҷ.

Ҳамчунин порсол тирамоҳ ҳукумати Тоҷикистон аз Бонки урупоии бозсозӣ ва тавсеъа ва Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё маблағе вом гирифта буд то хиёбонеро дар шаҳри Душанбе бозсозӣ кунад.

66
Барчаспҳо:
таъмири роҳ, сармоягузорӣ, вазорати нақлиёт, Тоҷикистон
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область

Мақомоти ВМКБ овозаҳои маҳдуд шудани ҳаракат аз Душанбе ба Хоруғро бепоя хонд

170
(Таҷдидшуда 15:55 28.05.2020)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, овозаҳои маҳдуд будани ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хоруғ воқеият надорад ва феълан роҳ кушода аст ва ягон маҳдудият ҷорӣ нагардидааст

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Рӯзҳои охир  дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳо оид ба баста шудани роҳи Душанбе — Хоруғ паҳн гардидаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ "Ховар" хабар дода, ки овозаҳои мазкур асоси воқеӣ надошта, айни замон  роҳи мошингарди Душанбе — Хоруғ кушода аст ва ягон маҳдудият ҷорӣ нагардидааст.

"Бо мақсади пешгирӣ намудани паҳншавии бемории сироятии коронавируси намуди нави COVID-19 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафтуомади сокинон  байни шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба муддати 10 рӯз маҳдуд мегардад. Рафту омад байни маркази вилоят ва шаҳри Душанбе маҳдуд нагардидааст, вале аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз сафари бе зарурат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон худдорӣ намоянд",- афзуд манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон дар ин бора дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, чунин тасмим ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона дар ин минатқа гирифта шудааст.

Вай афзуд, ки маҳдудият  ба истиснои кормандони соҳаи тандурустӣ ва кормандони ҳукумат дигар ба ҳамаи шаҳрвандон ВМКБ, рабт дорад.

Ғолиб Ниятбеков, таъкид кард, ки ин маҳдудият маҷбурӣ нест.

“Мақомот ба ҳамаи сокоинон вазъро фаҳмонда, аз сокинону меҳмонон хоҳиш кард, ки ин маҳдудияти мувақатиро риоя намоянд. Мошинҳои боркаш бидуни ягон маҳдудият равуо доранд. Маҳдудият танҳот барои сокинон аст. Аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки бидуни зарурат аз рафту омад худдорӣ кунанд”, - гуфт Ниятбеков.

То 27 майи соли равон дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар Тоҷикистон 1575 нафар шифо ёфтаанд.

170
Барчаспҳо:
бастан, роҳ, Душанбе-Хоруғ, ВМКБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Самолет на закате, архивное фото

Рӯзи ду парвоз аз Тоҷикистон ба Русия дақиқ шуд

1998
(Таҷдидшуда 12:52 24.05.2020)
Вазорати алоқаи Федератсияи Русия рӯзҳои нави парвози ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русияро эълом кард.

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Авохири моҳи май аз Тоҷикистон ба Русия ду парвоз роҳандозӣ мешавад, хабар медиҳад Вазорати алоқаи Русия дар шабакаи телеграм.

Хатсайрҳои ҳавоӣ дар доираи барномаи бозгардонии ҳамватанон ба Русия анҷом дода мешавад.

Ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Мюнхен парвоз кард

Бино ба реҷаи пешакӣ рӯзи 29 май хатсайри № SVR8424 аз Душанбе ба Маскав парвоз хоҳад кард. Ҳавопаймо соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ ба рощ мебарояд.

Манбаъ қайд мекунад, ки ин парвоз танҳо шаҳрвандони Русияро, ки дар Маскав, вилояти Маскав ва вилоятҳои Владимир, Иванов, Калужск, Рязан, Смоленск, Твер, Тулск, Ярослав, Брянск, Орловск, Липетск, Тамбов, Воронеж, Курск, Псков, Новгород, Вологода, Костромск Нижегородск, Пензенск, ҳамчунин Мардовия ба сар мебаранд, ба Русия хоҳад овард.

Ғайр аз ин рӯзи 30 май соати 19:00 хатсайри №SVR8880 аз Душанбе ба Санкт-Петербург парвоз хоҳад кард.

Рӯзи парвози навбатӣ аз Тоҷикистон ба Русия дақиқ шуд

"Ин парвоз танҳо барои шаҳрвандони Русия, ки дар Петербург, вилояти Ленинград, Псков, Новгород, Вологод, вилоятҳои Калининград ва Карелия роҳандозӣ мешавад", - афзуданд дар Вазорати алоқа.

Манбаъ афзуда, ки хоҳишмандон барои парвоз кардан бояд пешопеш дар портали госуслуг сабти ном шаванд ва дар асоси ин муроҷиатнома рӯйхати парвозкунандагон омода карда мешавад.

1998
Барчаспҳо:
парвоз, Тоҷикистон, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Строительство аквапарка в Варзобе

Ширкати чинӣ даст кашид: Ҳукумати Хуҷанд гуфт, сокинон то охири сол соҳиби хона мешаванд

0
(Таҷдидшуда 22:31 30.05.2020)
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд сокинонеро, ки заминҳои наздиҳавлигиашон барои бунёди "Чайна тавн" тахриб шуда буд, муҳоҷирони экологӣ номида, гуфтааст, ки онҳо то охири соли равон соҳиби манзил мешаванд

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Шаҳрдории Хуҷанд дар пайи нашри гузориш дар бораи боз истодани сохтмони шаҳраки чинӣ дар Хуҷанд посухе навишта, ба сокинон ваъдаи манзил кардааст. 

Манбаъ, ин қазияро айби ширкати чинӣ хондаву сабабшро ин иқдоми ширкатро баланд будани сатҳи оби зеризаминии мавзеъ гуфтааст.

"Бояд қайд намоем, ки ин сохтмон на бо айби МИХД шаҳри Хуҷанд, балки дар асоси даст кашидани ширкати чинӣ аз оғози сохтмон рӯйи кор омадааст. Ширкати чинӣ омили асосии даст кашидани сохтмони шаҳракро бинобар баланд будани сатҳи оби зеризаминӣ дар мавзеъи сохтмон арзёбӣ карда, аз ҷиҳати иқтисодӣ идомаи онро зери суол қарор бурд", - омадааст дар изҳороти шаҳрдорӣ.

Манбаъ таъкид мекунад, кииҷорапулии сокинонро феълан шаҳрдорӣ пардохт мекунад.

Шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ки баъди бекор намудани қарори вобастакунии замин ба ширкати "Ҳусноро1" ҳанӯз соли гузашта дар маҳалаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои истиқоматиии 9 ошёна барои мардуме, ки аз ширкати чинӣ ноумед шуданд, оғоз карда шуда, шаҳрдорӣ барои ин 27 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

"Бино бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар умум 72 манзили истиқоматӣ иборат аз 1,2,3-хуҷрагӣ бунёд мегардад. Қисмати асосии бино бунёд шудааст. Интизор меравад, ки бинои мазкур соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта, шаҳрвандони номбурда соҳиби манзили истиқоматӣ хоҳанд шуд", - тавзеҳ медиҳад шаҳрдорӣ.

Гуфта мешавад, тибқи нақшаи генералии шаҳр, заминҳе, ки барои "Чайна тавн" ҷудо шуда буданд, ба ихтиёри шаҳрдорӣ гирифта шуда, дар зудтарин фурсат дар ин макон мавзеъи истироҳату фароғат ва дигар инфрасохтори шаҳрдорӣ бунёд карда мешавад.

Ваъдаҳои хушку интизории чорсола: чаро “China Town” дар Хуҷанд сохта нашуд?

0