Фурудгоҳи байналмиллалии Жуковский

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои ҳалли қазияи парвозҳо роҳи Маскавро пеш гирифт

49
Имруз намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазир Шералӣ Ганҷалзода ба Маскав меоянд, то рӯзи сешанбе бо ҳамкорони русашон оид ба масъалаи парвозҳои байни Тоҷикистону Русия бори дигар гирди миз нишишнанд

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik.Ҳайати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон имрӯз ба Маскав меояд ва пас аз даҳ рӯзи танаффус бо намояндагони вазорати нақлиёти Русия гуфтушунидҳоро оид ба масоили парвоз давом медиҳад.

Дар ин бора ба РИА Новости роҳбари ҳайати нақлиёти Тоҷикистон, муовини вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода хабар додааст.

"Рӯзи сешанбе мо гуфутушуниҳоро бо ҷониби Русия дар бораи парвозҳо, ки санаи 13-уми апрел қатъ гардида буд, давом медиҳем",- гуфтааст вай дар сӯҳбат бо РИА Новости.

Ба гуфтаи Ганҷалзода Тоҷикистон умедвор аст, ки ин дафъа қазияи парвози Ямал аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистон ҳал мешавад.

Русия аз 3-уми апрел парвозҳои "Сомон Эйр"-ро аз Душанбе ва Хуҷанд маҳдуд кард. Чуноне ки Вазорати нақлиёти Русия баъдтар изҳор дошт, ин чораандешӣ аз ҷониби онҳо дар ҷавоб ба иқдоми Тоҷикистон нисбати  парвозҳои ширкати ҳавоии "Ямал" аз фурудгоҳи Жуковский аст.

"Мо якчанд пешниҳод дорем, ки мехоҳем бо ҷониби Русия баррасӣ кунем",- изҳор доштаст муовини вазир.

Ёдовар мешавем, ки баҳсҳои ҳавоии Тоҷикистону Русия пас аз лағви парвозҳои "Сомон Эйр" ба Маскав оғоз шуданд.
49
Барчаспҳо:
баҳс, парвоз, вазорати нақлиёт, Шералӣ Ганҷалзода, Русия-Тоҷикистон
Самолет на закате, архивное фото

Рӯзи ду парвоз аз Тоҷикистон ба Русия дақиқ шуд

1467
(Таҷдидшуда 12:52 24.05.2020)
Вазорати алоқаи Федератсияи Русия рӯзҳои нави парвози ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русияро эълом кард.

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Авохири моҳи май аз Тоҷикистон ба Русия ду парвоз роҳандозӣ мешавад, хабар медиҳад Вазорати алоқаи Русия дар шабакаи телеграм.

Хатсайрҳои ҳавоӣ дар доираи барномаи бозгардонии ҳамватанон ба Русия анҷом дода мешавад.

Ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Мюнхен парвоз кард

Бино ба реҷаи пешакӣ рӯзи 29 май хатсайри № SVR8424 аз Душанбе ба Маскав парвоз хоҳад кард. Ҳавопаймо соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ ба рощ мебарояд.

Манбаъ қайд мекунад, ки ин парвоз танҳо шаҳрвандони Русияро, ки дар Маскав, вилояти Маскав ва вилоятҳои Владимир, Иванов, Калужск, Рязан, Смоленск, Твер, Тулск, Ярослав, Брянск, Орловск, Липетск, Тамбов, Воронеж, Курск, Псков, Новгород, Вологода, Костромск Нижегородск, Пензенск, ҳамчунин Мардовия ба сар мебаранд, ба Русия хоҳад овард.

Ғайр аз ин рӯзи 30 май соати 19:00 хатсайри №SVR8880 аз Душанбе ба Санкт-Петербург парвоз хоҳад кард.

Рӯзи парвози навбатӣ аз Тоҷикистон ба Русия дақиқ шуд

"Ин парвоз танҳо барои шаҳрвандони Русия, ки дар Петербург, вилояти Ленинград, Псков, Новгород, Вологод, вилоятҳои Калининград ва Карелия роҳандозӣ мешавад", - афзуданд дар Вазорати алоқа.

Манбаъ афзуда, ки хоҳишмандон барои парвоз кардан бояд пешопеш дар портали госуслуг сабти ном шаванд ва дар асоси ин муроҷиатнома рӯйхати парвозкунандагон омода карда мешавад.

1467
Барчаспҳо:
парвоз, Тоҷикистон, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Железная дорога, архивное фото

Марзҳои Эрону Туркманистон ва Ӯзбекистон бозгушоӣ мешаванд

439
(Таҷдидшуда 21:06 23.05.2020)
Марзи байни Эрон, Туркманистон ва Узбакистон, ки ба хотири густариши корона баста шудааст, аввали июн бозгушоӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ғуломаббос Арбобхолис, сафири Эрон дар Туркманистон рӯзи шанбе гуфт, ройзанӣ ва машваратҳои дипломатию сиёсӣ ба таври рӯзона барои бозгушоии марзҳо бо ҳадафи аз саргирии содирот, транзит ва табодули коло бо Туркманистон ва дигар кишварҳои минтақа идома дорад.

Нақли қавли сафири Эрон дар Туркманистонро хабаргузории "Парстудей" бо такя ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ироа кардааст.

"Дар чорчуби ин музокирот рӯзи гузашта нишасти сеҷонибаи раисони роҳи оҳани давлатии се кишвари ёдшуда ба сурати видеоконфронс баргузор ва муқаррар шуд, роҳҳои оҳани ин кишварҳо то аввали июн бо насби нақбҳои безараргардонидашуда дар ду тарафи марзҳо ва бо риояти стандартҳои мушобеҳ ва ҳамсон бо якдигар, бозгушоӣ шавад",-изҳор доштааст Арбобхолис.

Вилояти Хуросони разавии Эрон аз шимолу шимоли шарқ дорои ҳудуди 531 километр марзи муштарак бо Ҷумҳурии Туркманистон аст ва тиҷорати ҷоддаӣ ва райлии Эрон бо Осиёи Марказӣ аз тариқи гузаргоҳҳои марзии ин вилоят бо Туркманистон анҷом мешавад.

439
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пожарные тушат огонь, архивное фото

Сӯхтор дар Бозори марказии Шаҳритус ва шарҳи Вазорати корҳои дохила

88
(Таҷдидшуда 10:01 25.05.2020)
Дар пайи сӯхтори рӯзи гузашта дар Бозори марказии ноҳияи Шаҳритус бештар нуқтаҳои фурӯши масулоти хоҷагии қишлоқ зарар дидаанд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сӯхтори рӯзи гузашта дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритусро шарҳ дод.

Тиқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод сӯхтор соати 17:30 дақиқаи рӯзи 24 майи соли равон дар Бозори маркази нохияи Шаҳритус рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар масоҳати 800 метри мураббаъ ба амал омадааст.

“Дар натиҷаи сӯхтор 2 саройи (навес) фурӯши масулоти хоҷагии қишлоқ, 12 мағозаи хӯрока 10 нуқтаи фурӯши махсулоти хоҷагӣ зарар дида, зиеда аз 30 адад дӯкони савдо аз коми оташ наҷот дода шуд”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, ҳамазамон, хатари паҳншавии оташ ба биноҳои Амонатбонк ва Агроинвестбонк, ки дар шафати бозори мазкур қарор доштанд, пешгирӣ карда шуд.
Гуфта мешавад, сабабҳои сар задани ҳодисаи сӯхтор аз руи хулосаи пешакӣ расиши ноқилҳои барқӣ буда аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда мавриди тафтиш қарор дода шудааст.

ВУД мегӯяд, барои хомӯш кардани оташ 11 адад нақлиёти сӯхторнишонӣ ва обкашон аз қисмҳои мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар карда шуда, оташ соати 20:00 хомӯш карда шуд.

88