Ҳавопаймои Airbus A330, акс аз бойгонӣ

Камбуди мусофир далели парвоз накардани ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба Тошканд шудааст

96
(Таҷдидшуда 12:53 19.05.2017)
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба далели судовар набудан аз анҷоми парвоз ба Тошканд худдорӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба далели камбуди мусофир ва судовар набудан аз анҷоми парвоз ба Тошканд худдорӣ мекунад.

Хабаргузории ТоҷикТА бо такя ба иттилоъи Вазорати таробарии ҶТ хабар медиҳад, ки ҳавопаймоҳои ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йӯллари", ки ҳафтае ду бор дар масири Тошканд — Душанбе — Тошканд парвоз анҷом медиҳанд, камубеш 50 дарсад аз мусофир пур мешаванд.

Ҳамин далел ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-ро водор карда, ки феълан аз мусофирбарӣ ба кишвари ҳамсоя худдорӣ кунад.

"Агар шумораи мусофирон афзоиш ёбад, ширкати ҳавопаймоии "Сомлон Эйр" низ парвозҳоро дар ин масир оғоз хоҳад кард", — омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, саранҷом пас аз 25 сол ширкати мусофирбарии "Роҳҳои ҳавоии Узбакистон", 11 апрел парвоз ба кишвари ҳамсояро аз сар гирифит.
Парвозҳо ба Тошканд ҳафтае ду маротиба сурат мегиранд.

Рафту омадҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ гардида буданд.
96
Барчаспҳо:
билет, мусофир, парвоз, вазорати нақлиёт, Узбакистон, Тоҷикистон
Самолет компании Уральские авиалинии, архивное фото

Парвози вижаи "Уралские авиалинии" 50 шаҳрванди Тоҷикистонро ба Ватан бурд

195
(Таҷдидшуда 18:54 01.06.2020)
Парвози махсуси ширкати русии "Уралские авиалинии" дар доираи барномаи бозгардонии ҳамватанон ба Тоҷикистон роҳандозӣ шуд

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Дар давоми ду рӯзи охир аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 50 кас, ки дар паи банд шудани марзҳо дар кишвар дар монданд, ба ватан бозгардонида шуданд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Парвозҳои махсус аз ҷониби ширкати русии "Уралские авиалинии" дар доираи барномаи бозгардонии ҳамватанон ба Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

"Рӯзҳои 29-30 май аз Русия ба Тоҷикистон 49 шаҳрванд, ки дар паи баста шудани марзҳо дар боздоштгоҳҳои муваққатии Русия дармонда буданд, ба ватан бозгардонида шуданд", - қайд карданд дар ВУХ.

Бозгашти шаҳрвандон идома дорад: 188 шаҳрванди Тоҷикистон аз Дубай баргардонида шуд

Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин ҷасади 13 шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ тариқи ин хатсайр ба ватан бурда шуд.

"Груз 200": Парвози махсус ҷасади муҳоҷирини фавтидаро ду рӯз пас ба ватан мебарад

Манбаъ зикр кардааст, ки ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафар доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

195
Барчаспҳо:
ширкати ҳавоӣ, парвоз, Тоҷикистон, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область

Мақомоти ВМКБ овозаҳои маҳдуд шудани ҳаракат аз Душанбе ба Хоруғро бепоя хонд

171
(Таҷдидшуда 15:55 28.05.2020)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, овозаҳои маҳдуд будани ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хоруғ воқеият надорад ва феълан роҳ кушода аст ва ягон маҳдудият ҷорӣ нагардидааст

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Рӯзҳои охир  дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳо оид ба баста шудани роҳи Душанбе — Хоруғ паҳн гардидаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ "Ховар" хабар дода, ки овозаҳои мазкур асоси воқеӣ надошта, айни замон  роҳи мошингарди Душанбе — Хоруғ кушода аст ва ягон маҳдудият ҷорӣ нагардидааст.

"Бо мақсади пешгирӣ намудани паҳншавии бемории сироятии коронавируси намуди нави COVID-19 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафтуомади сокинон  байни шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба муддати 10 рӯз маҳдуд мегардад. Рафту омад байни маркази вилоят ва шаҳри Душанбе маҳдуд нагардидааст, вале аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз сафари бе зарурат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон худдорӣ намоянд",- афзуд манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон дар ин бора дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, чунин тасмим ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона дар ин минатқа гирифта шудааст.

Вай афзуд, ки маҳдудият  ба истиснои кормандони соҳаи тандурустӣ ва кормандони ҳукумат дигар ба ҳамаи шаҳрвандон ВМКБ, рабт дорад.

Ғолиб Ниятбеков, таъкид кард, ки ин маҳдудият маҷбурӣ нест.

“Мақомот ба ҳамаи сокоинон вазъро фаҳмонда, аз сокинону меҳмонон хоҳиш кард, ки ин маҳдудияти мувақатиро риоя намоянд. Мошинҳои боркаш бидуни ягон маҳдудият равуо доранд. Маҳдудият танҳот барои сокинон аст. Аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки бидуни зарурат аз рафту омад худдорӣ кунанд”, - гуфт Ниятбеков.

То 27 майи соли равон дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар Тоҷикистон 1575 нафар шифо ёфтаанд.

171
Барчаспҳо:
бастан, роҳ, Душанбе-Хоруғ, ВМКБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Кобилчон Гиёев

Вазифаи баланд ё шикояти раис? Сабабҳои барканории Қобилҷон Гиёев

239
Мақомот барканории Қобилҷон Гиёев, акнун собиқ сардухтури ноҳияи Раштро шарҳи яксон намедиҳанд. Ба қавли яке, бар асоси шикояти раиси ноҳия барканор шудааст, дуввумӣ мегӯяд, ӯ вазифаи баландтар хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як шарҳи кӯтоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барканории сардухтури ноҳияи Рашт ибтикори вазорат нест.

“Ӯ бар пояи шикояти раиси ноҳияи Рашт аз вазифа барканор шудааст. Шикоят ҳам ин аст, ки Қобилҷон Гиёев ба ҷуз сардухтур буданаш, муовини раиси Ситоди ноҳияи Рашт барои ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” низ будааст ва дар ҷои кор ҳам ҳузур надоштаасту дар ҷаласаҳои ситод низ ширкат накардааст”, - гуфтанд дар Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Зимнан, рӯзи гузашта, 1 июн, Қобилҷон Гиёев ба Sputnik Тоҷикистон низ далели барканориашро шикояти Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфта буд.

Дар ҳамин ҳол, бегоҳи ҳамон рӯз дар як тамоси телефонӣ бо Sputnik Тоҷикистон Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт, ин иддаоро рад карда, гуфт, Қобилҷон Гиёев бо ариза, хоҳиш ва ихтиёри худ аз вазифа рафтааст.

“Он қадар ки мо хабар дорем, чанде пас ӯ бояд дар Душанбе ба вазифаи баландтар таъин шавад. Имрӯз ӯ назди ман омада буд. Суҳбат доштем. Ба хурсандӣ хайрухуш кардем. Ҳамаи гап ҳамин”, - гуфт Раҳимҷон Муқимӣ.

Рухсатӣ ё...?

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Қобилҷон Гиёев дар шарҳи гуфтаҳои вазорати тандурустӣ ва раиси ноҳияи Рашт гуфт, ӯ 27 май ба вазорат даъват шуда, аризаи аз кор рафтанашро навишт.

Вай афзуд, рӯзи дигар, 28 май, ӯро дигарбора ба вазорат даъват карда, гуфтанд, ки аризаи аз кор рафтан на, балки рухсатӣ рафтанро бинависам ва дар ҷои худ муовинамро иҷрокунандаи вазифа таъин кунам.

“Ҳоло ман дар ҳайрат уфтодаам. Ман 12 май ба Душанбе рафтам. 12 май дигарбора ба Рашт баргаштам. Ҳамон рӯз ҷаласаи ситодро баргузор кардам. Бегоҳ мустақим бо вазири тандурустӣ мулоқоти видеоӣ баргузор шуд. Субҳ боз ҷаласаи ситод буд. Пас аз он рафтам ба шифохонаҳои минтақаӣ - Ҳоит, Қалъаи Сурх, Навобод. Аз 13 то 15 пурра дар Рашт будам. Азбаски вазъи сиҳӣ дар ноҳия ба эътидол омада буд, дигарбора ба Душанбе омада, ин ҷо ба табобат машғул шудам”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Бино ба иттилои ӯ, дар ноҳияи Рашт 174 нафареро, ки ҳарорат доштаанд, дар хонаҳо ва 60 нафарро бо ташхиси пневмония дар шифохонаҳо табобат кардаанду даҳҳо нафари дигар пас аз муроҷиату табобати кӯтоҳ зуд рухсат шудаанд. Вай афзуд, дар ин миён ду нафар мутаваллидони яке, соли 1940 ва дигаре, 1942 аз маризиҳои дил фавтидаанд, на пневмония ё “вируси корона”.

“Вақте вазъи сиҳӣ Рашт муътадил шуд, ман ба Душанбе рафтам. Дуюм ин, ки ман на бо хоҳиши худ, балки бо даъвати мақомот омада будам, ки дар вазорати тандурустӣ огаҳӣ доранд”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Пизишки ҳайрат

Қобилҷон Гиёев пас аз он дар забони расонаҳо уфтод, ки дар оғози мубориза алайҳи “вируси корона” бо як доруи ғайримаъмулии зидди пневмонияи бузҳо дар ноҳияи Рашт, ба қавли худаш, ҳудуди 300 нафарро табобат кард.

Ин дору аз пенитсилин ва стрептамитсин иборат буда, кӯтоҳ “пенстреп” номида ва барои “вируси корона” – и ҳайвонот истифода мешавад. Баъдтар ӯ ба Душанбе омад ва дар пойтахту навоҳии атроф ва вилояти Хатлон бо табобати маризон машғул шуд.

Ӯ қаблан (23 май) дар як суҳбати ихтисосӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар умум беш аз 1000 нафарро табобат кардааст. Аммо ҳоло мегӯяд, теъдоди маризоне, ки ӯ табобат кардааст, аз ин ҳам бештар шудааст.

“Ҳоло бисёриҳо ба табобати ман шак доранд. Ҳақ ҳам доранд. Аммо шоҳидони ман ҳамон маризоне ҳастанд, ки шифо ёфтанд. Мегӯянд, ки ман барои рекламаи худ ва пулкоркунӣ Душанбе рафтам. Инҳоро ҳам ба Худо месупорам. Аммо ҳоло бо забони дароз мегӯям, ки ду моҳи ахир ман дар хизмати мардуму давлати худ будам ва ин корамро давом хоҳад дод”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Ҳоло танҳо гуфтугузоре, ки сардухтури инак собиқи ноҳияи Раштро дар ҳайрат гузоштааст, вазифаи наваш аст. Вай мегӯяд, аз ин боб аслан хабаре ҳам надораду бо касе ҳам машварате нашудааст.

239
Барчаспҳо:
вазифа, табобат, бемор, табиб, Ғарм, Тоҷикистон