Ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ

Мусофирони парвози озмоишӣ ба Ишқобод: Зевар Давлатзода ва 40 ҳунарманд

143
Мусофирони нахустин парвози ширкати "Turkmenistan airlines" тариқи хатсайри Ишқобод - Душане - Ишқобод, муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода ва 40 нафар аз фарҳнгиёни тоҷик ҳастанд

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ дар пойтахти Туркманистон аз 12 июн то 17 ҳамин моҳ Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд. Фарҳангиёни тоҷик рӯзи 12 июн тариқи хатсайри нахустин ва озмоишии ширкати "Turkmenistan airlines" ба Ишқобод парвоз мекунанд.

Дар бораи ифтитоҳи хатсайри мустақими Ишқобод — Душанбе — Ишқобод сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Ҷорӣ Атаев рӯзи 7 июн хабар дод.

Ҳамин тавр мусофирони парвози озмоишӣ ба Ишқобод Зевар Давлатзода, муовини вазири фарҳанг ва 40 ҳунарманди тоҷик ҳастанд.

Қарор буд, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон аз 27 май то 2 июн гузаронида шавад, вале бо сабабҳои техникӣ сафари фарҳангиёни тоҷик ба таъхир уфтод. Ва акнун ҳунармандони тоҷик аз 12 то 17 июн дар Туркманистон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Манбаъ меафзояд, ки барномаи фарҳангии Тоҷикистон аз намоишҳои тасвирӣ, аксҳои "Тоҷикистони муосир", муд ва либосҳои миллӣ иборат аст.

Намоиши филмҳои коргардонони тоҷик низ дар назар буда, аз ҷумла филми "Хоби ҳамдуна"-и коргардони ҷавон Румӣ Шоазимов дар доираи ин рӯзҳо намоиш дода мешавад.

Роҳбарии ҳайати фарҳангиёни Тоҷикистонро муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатова бар ӯҳда дорад.

Ҳамчунин дар Туркманистон Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, сарояндаи опера Шарофат Усмонова, овозхонҳои Ансамбли давлатии "Шашмақом"-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Ситораи Кароматулло ва Хуршед Иброҳимов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ, сароянда ва мутриб Бахтиёр Баёнӣ ҳунамрнамоӣ хоҳанд кард.

Ҳунармандон сурудҳои классикӣ, эстрадӣ ва опера, рақсҳои гуногун,  сурудҳои эстрадии тоҷикӣ ва туркманиро ба ҳаводорони савту наво намоиш хоҳанд дод.

Барномаи бадеиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлаталӣ Убайдуллоев таҳия кардааст.

143
Барчаспҳо:
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон, Зевар Давлатова, Душанбе, Ишқобод
Мавзуъ
Соҳибкорони Туркманистон ба Душанбе омада хона месозанд
Микрофон нест: чаро ҳунарнамоии тоҷикон дар Туркманистон ба таъхир уфтод
Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мешавад