Рустам Эмомалӣ

Рустам Эмомалӣ ҷануб ва ғарби Душанберо мепайвандад

314
Рустам Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе барои хизматрасонӣ дар хатсайри ҷадид тендер эълом кардааст

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдорӣ, раиси пойтахти Тоҷикистон бо имзои як қарор дар бораи ифтитоҳи хатсайри ҷадид, ки ҷануб ва ғарби Душанберо хоҳад пайваст, хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, бо мақсади хизматрасонӣ дар ин самт барои шикратҳои хоҳишманд тендер эълом шудааст.

Дар ин росто комисссия вазифадор шудааст, ки ҷиҳати интихоби ширкати хизматрасон дар хатсайри пилотии мусофирбарии дохилишаҳрии рақами 50 "Маҳаллаи Чоряккорон — Терминали мусофирбарии ҶСП "Фароз" ҳуҷҷатҳои заруриро омода кунад.

Назорати иҷроиқарори мазкур ба зиммаи муовини раиси Душанбе – сарпарасти соҳа вогузор карда мешавад.

ҳамин тавр дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе хатсайри ҷадид таҳти рақами 50 пайдо хоҳад шуд, ки ҷануб ва ғарби Душанберо мепайвандад.

314
Барчаспҳо:
тендер, хатсайри нав, Рустам, Тоҷикистон
Мавзуъ
"Раҳмат": Рустам Эмомалӣ низоми электронии пардохтро санҷид
Пограничный пост, архивное фото

Ҳаракати нақлиётӣ миёни Русия ва Тоҷикистон баста боқӣ мемонад

1074
(Таҷдидшуда 12:41 14.07.2020)
Дар Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз имконияти бозгашт тариқи Ӯзбекистон ва Қазоқистон ёдоварӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҳаракати нақлиётӣ миёни Тоҷикистон ва Русия баста боқӣ мемонад, хабар доданд дар хадамоти матбуотии Сафорати Русия дар Тоҷикистон.

"То ҳол аз ҷониби Ӯзбекистон ва Қазоқистон барои ҳаракати транзитӣ иҷозаи расмӣ гирифта нашудааст", - қайд карданд дар хадамоти матбуотӣ.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон қайд карданд, ки вазъро таҳти назорат гирифтаанд ва бо ронандагон дар алоқа ҳастанд.

Анҷумаи ширкатҳои сайёҳии Русия бозшавии сарҳадҳоро пешгӯӣ кард

Қайд мешавад, ки феълан мақомоти Русия бо ҳукумати Ӯзбекистон ва Қазоқистон барои иҷозаи ҳаракат дар гуфтушунид аст.

Санаи барқароршавии парвозҳои байналмилалӣ дар Русия дақиқ шуд

"Вазъи ҳамагирии COVID - 19 - ро дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба назар гирифта аз шаҳрвандон даъват мекунем, ки тариқи парвозҳои вижа ба Русия ҳаракат кунанд", - қайд карданд дар Сафорати Русия дар Тоҷикистон.

1074
Барчаспҳо:
қатъи ҳаракати нақлиёт, Тоҷикистон, Русия
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото

"Тоҷик Эйр" шаҳрвандони дармонда дар Кореяро ба Тоҷикистон меорад

162
(Таҷдидшуда 17:40 13.07.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон барои амалӣ кардани як парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Сеул - Душанбе дастур додааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" бо мақсади ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон 21 июли соли равон  парвози чартерӣ дар масири Душанбе-Сеул-Душанберо ба нақша гирифтааст. 

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея муроҷиат намуда, барои пур кардани саволнома аз пайванди зерин истифода намоянд. 

Вазорати умури хориыии Тоҷикистон таъкид кардааст, шаҳрвандони хориҷие, ки қабл аз баста шудани марзҳо раводиди Ҷумҳурии Кореяро дастрас кардаанд, имкони парвоз ба Сеулро доранд.

Инчунин мушаххасоти сафорати Тоҷикистон дар Сеул, аз ҷумла рақамҳои телефон, +82 027922535, +82 1059399339, +82 1059379861 ва почтаи электронии tjkoreaemb@mfa.tj ироа кардааст.

Қаблан парвозҳои махсуси чартерӣ барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Русия, Туркия, Аврупо, АМА, Белорусия ва дигар давлатҳо анҷом дода шуданд.

162
Барчаспҳо:
Тоҷик Эйр, бозгашт, парвоз, Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон
Грузовик с газом, архивное фото

Нархи газ бояд 3,2 сомонӣ бошад: шарҳи Муминзод дар бораи монополия, нарх ва санҷиш

0
Абдулмаҷид Муминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон, вуҷуди монополияро дар бозори гази моеъ рад карда, иттилоъ дод, ки барои санҷиши болоравии нархи газ дар кишвар гуруҳи корӣ аллакай сафарбар шудааст

ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Муминзод зимни нишасти матбуотӣ  тавзеҳ дод, ки хароҷоти дохилию андозбандӣ, нархи роҳ ва ғайраро ҳисоб кардаанд, ки тибқи он нархи яклухти гази моеъ набояд зиёда аз 3,2 сомониро ташкил диҳад.

Дар ҳоле, ки феълан нархи гази моеъ дар Тоҷикистон ҳудуди 4,5 сомонӣ мебошад, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, гуруҳи корӣ барои санҷиши асоснокии он ташкил карда шудааст.  Ӯ афзуд, чун гази моеъ шомили молҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ мебошад, дар сурати аз 20 дарсад дар як моҳ беасос боло рафтани нархи он, Хадамоти зидди инҳисорӣ санҷиш мегузаронад.

Дар Ванҷ ду ноболиғи 12 - соларо аз об берун оварданд: яке фавтиду дуюмӣ дар бемористон

Муминзод илова намуд, ки аллакай дар 10 ширкат санҷишҳо оғоз гардиданд ва тайи 20-30 рӯзи оянда натиҷаи санҷиш маълум мешавад.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъкид кард, ки агар нархҳо беасос боло бурда шудаанд, маблағи он ҳамчун даромади беасос ҳисоб гардида, ба буҷаи давлат баргардонда мешавад.

Ӯ ҷой доштани мавқеи инҳисории ширкатҳои алоҳидаро дар бозори газ рад карда, тавзеҳ дод, ки ширкати доминанти бозор тибқи қонунгузории Тоҷикистон онеро мегӯянд, ки 35 дарсади бозорро дар ихтиёр доранд.  Ӯ афзуд, дар миёни 15 ширкати воридкунандаи газ ба Тоҷикистон, пешсаф ҶДММ “Аллат” мебошад, ки саҳмаш дар бозор 17,2 дарсадро ташкил медиҳад.  Сипас “Темур Ойл”, “Ғайрат 82”, “Октан сервис” ва панҷум “Газпром нефт” ҷой гирифтааст, ки ба гуфтаи сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳиссаи Газпром дар бозори газ ҳамагӣ 8,4 фоизро ташкил медиҳад.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон