Бозсозии роҳи Дарвоз

Вазорати таробарии ҶТ имкони тунелсозӣ дар роҳи Кӯлоб - Дарвозро месанҷад

212
(Таҷдидшуда 20:40 31.07.2017)
Коршиносон дарозои ин тунелро 300 метр баровард кардаанд. Пажӯҳишгоҳи тарроҳии Вазорати таробарӣ муваззаф шудааст сохтусози ин тунелро имконсанҷӣ ва тарҳи онро пешниҳод кунад

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Вазорати таробарии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтусози тунел дар бахше аз роҳи Кӯлоб — Дарвозро имконсанҷӣ мекунад.

Вазири таробарии ҶТ Худоёр Худоёрзода имрӯз дар нишасти расонаӣ гуфт, дар паи зери об мондани бахше аз роҳи Душанбе — Кӯлоб — Дарвоз — Хоруғ пешниҳод кардаанд, ки дар бахше аз ин роҳ дар миёни ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз тунел сохта шавад.

Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати таробарии ҶТ, дар нишасти расонаие, ки имрӯз баргузор шуд, ин вазорат аз фаъолияташ дар шашмоҳаи аввали соли 2017 натиҷагирӣ кард. Дар ин нишаст вазири таробарӣ, раҳбарони ширкатҳои "Роҳи Оҳани Тоҷикистон", "Тоҷик Эйр", "Тоҷикаэронавигасия" ва Хадамоти давлатии назорату танзими таробарӣ ширкат кардаанд.

Коршиносон дарозои ин тунелро 300 метр баровард кардаанд. Пажӯҳишгоҳи тарроҳии Вазорати таробарӣ муваззаф шудааст сохтусози ин тунелро имконсанҷӣ ва тарҳи онро пешниҳод кунад. Ин тарҳ ҳамчунин бо кишварҳои ёрирасону созмонҳои сармоягузор низ баррасӣ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар паи фурӯ рехтани селу гилшор дар бахши афғонистонии Дарвоз ва баста шудани рӯди Панҷ, ду русто дар бахши тоҷикистонии Дарвоз осеб диданд ва роҳ дар рустои Ширговад барои ду ҳафта баста шуд.

212
Барчаспҳо:
Дарвоз, тунел, роҳсозӣ, Вазорати таробарии ҶТ, Худоёр Худоёрзода, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дарвоз: се таркиш дар як рӯз ва бозсозии 375 метр роҳ
Аксҳо аз Дарвоз: талошҳо барои бозкушоии роҳи Душанбе-Хоруғ
Кумитаи авзоъи изтирорӣ: роҳ дар Дарвоз ҳафтаи оянда боз мешавад
Бартарафсозии пайомадҳои офати табиъӣ дар Дарвоз идома дорад
Пайомадҳои сел дар Дарвоз: 14 куштаву 20 захмӣ дар Афғонистон