Рустам Эмомалӣ

Озмуни Рустам Эмомалӣ барои дарёфти ҳуқуқи хизматрасонӣ дар хатсайри 28

578
(Таҷдидшуда 14:44 06.08.2017)
Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ барои дарёфти ҳуқуқи хизматрасонӣ дар хатсайри рақами 28-и Душанбе озмун эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдорӣ, дар озмун шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ новобаста аз шакли моликияташон, ки дорои воситаи нақлиёти худӣ ё тибқи қонун ба он моликанд ва иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро доранд, метавонанд ширкат кунанд.

Ба гузориши манбаъ озмун рӯзи 5 сентябр дар дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 80, ҳуҷраи 28 (ошёнаи 3) баргузор мегардад.

"Дар баробари хатсайри №28 (маҳаллаи Зарафшон — КВД "Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед), инчунин хатсайри №50 (Ҷамоати Чоряккорон — Терминали мусофир-барии ҶСП "Фароз") ба озмун пешниҳод мешавад".

Манбаъ меафзояд, ки дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкам, муҳрзада то соати 17:00 рӯзи 4 сентябри соли 2017 ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод карда шаванд.

Озмун рӯзи 5 сентябри соли 2017 соати 10:00 дар толори калони маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ-80 баргузор мегардад.   

578
Барчаспҳо:
хатсайри 28, озмун, Рустам Эмомалӣ, Душанбе
Мавзуъ
Бо фармони возири нақлиёт: Шодихон Ҷамшед бо нишони "Рохсози фахрӣ" сарфароз шуд
Иҷозаи шаҳрдории Душанбе барои фурӯши шир тариқи нақлиёт ба "Агросаноат"
Алоқа, нақлиёт ва ҷаҳонгардӣ: дидори Аслов бо вазири хориҷаи Белгия