БДА рақамҳои зебои силсилаи "ВА" ва "ВВ" - 07"-ро мефурӯшад

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкАвтомобиль "Porsche Cayenne"
Автомобиль Porsche Cayenne - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз эълони музояда барои фурӯши аломатҳои сабти давлатии силсилаи "ВА" ва "ВВ" - 07" хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъ равобити умумии ВКД ҶТ, музояда рӯзи 19 август дар толори Раёсати БДА баргузор мешавад.

Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 19 августи соли 2017 аломати сабти давлатии силсилаи  "ВА" ва "ВВ" — 07" ба таври музояда фурӯхта мешаванд.

Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.

"Нархи як лот 630 сомониро ташкил медиҳад", — омадааст дар иттилоъия.

Рақамҳои зебо дар сафҳаи хабарии ВКД нашр шудааст.

БДА пештар аломатҳои сабти давлатии силсилаи "ЕС 01"-ро ба фурӯш гузошта буд.

Пештар БДА хабар дод, ки  гувоҳии ронандагоне, ки аксашон дар муддати 10 сол иваз нашудааст, беэътибор дониста шуда, ронандагӣ бо чунин ҳуҷҷат қонуншиканӣ дониста мешавад ва ронандагон муҷозот хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0