Самолет Airbus A320

Тоҷикистону Озарбойҷон хостори барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ шуданд

42
(Таҷдидшуда 14:26 01.10.2017)
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Озарбоҷонро дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ва рушди соҳа, инчунин эҳтимолияти барқарор кардани хатсайри ҳавоии миёни Тоҷикистону Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор доданд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тоҷикистону Озарбойҷон хостори барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ шуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, 28 сентябри соли 2017 ворӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Раиси Ширкати давлатии ҳавопаймои "AZAL"-и Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷаҳонгир Аскаров, баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Озарбоҷонро дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ва рушди соҳа, инчунин эҳтимолияти барқарор кардани хатсайри ҳавоии миёни Тоҷикистону Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Љонибњо пешнињодњои мушаххасро бањри амалии масъалањои баррассї шуда, муайян намуданд.

42
Барчаспҳо:
барқарор кардан, алоқаи ҳавоӣ, Озарбойҷон, Тоҷикистон
Грузовой автомобиль расчищает дорогу от снега в Таджикистане

Ҳушдори БДА ба ронандагон: дар роҳҳои Душанбе - Чаноқ ва Кӯлоб - Хоруғ боэҳтиёт бошед

276
(Таҷдидшуда 13:09 19.11.2020)
Ба ронандагон хушдор дода мешавад, ки ҳангоми борону барф аз таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш истифода баранд, чархҳои воситаҳои нақлиётро бо шинаҳои зимистона муҷаҳҳаз намуда, бо худ гирифтани лавозимоти заруриро фаромӯш нанамоянд

ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон ба диққати ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳатман риоя намоянд.

БДА мегӯяд, ҳангоми бориши борон ва барф ронандагон бояд дар роҳҳои Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Ваҳдат-Рашт-Лахш, Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Лабиҷар-Сангвор-Қалаи Хумб, Айнӣ-Панҷакент боэҳтиёт бошанд ва талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти РБДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Акбар Қурбонзода хабар медиҳад.

Ҷилавгирӣ аз сонеҳаҳои нақлиётӣ: пулис муоинаи техникии мошинҳоро тафтиш мекунад

Полковник сабаби сар садани садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо шарҳ дод.

"Баъзе ронандагони мошинҳо дар нишебиҳои тези роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ барои сарфа намудани сӯзишворӣ ҳаёти худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зери хатар гузошта, бо муҳаррики хомӯшкардашуда ва соишбанд ё ноқилқуттии ба муҳаррик пайвастнашуда ҳаракат менамоянд, ки ин сабаби сар задани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ мегардад”-, изҳор медорад А.Қурбонзода.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ба таври нокифоя дида шудани роҳ дар гардишҳои хатарнок, дар охири баландии роҳ (кӯтал) ва дигар минтақаҳои дидашавандагияшон муҳдуди роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ, махсусан пулҳо ва нақбҳо сабқат ва таваққуф нанамоянд.

Ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш, ки вазни ниҳоии ҷоизаш зиёда аз 3,5 тонна мебошад, ба монанди трактор ва автобусҳо ҳангоми бозистӣ ва таваққуф дар баландии роҳ (кӯтал) ва нишебиҳои роҳҳои кӯҳӣ аз воситаҳои зидди ғелиш (танбаҳо) истифода баранд.

Ҳамчунин дар вақти бориши борон ва барф ба ронандагон иловатан хушдор дода мешавад, ки  таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш истифода баранд, чархҳои воситаҳои нақлиётро бо шинаҳои зимистона муҷаҳҳаз намуда, бо худ гирифтани лавозимоти заруриро фаромӯш нанамоянд.

276
Барчаспҳо:
ҳушдор, барф, БДА, Тоҷикистон
В Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей

Дар Хуҷанд системаи пардохти электронӣ ҷорӣ карда шуд

445
(Таҷдидшуда 19:55 10.11.2020)
Хуҷанд пас аз Душанбе дуввумин шаҳри Тоҷикистон шуд, ки пардохти роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ тавасути корти электронӣ сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар автобусҳои Хуҷанд системаи пардохти ғайринақдии City Card роҳандозӣ карда шуд, менависад сомонаи "SugdNews".

Ба иттилои манбаъ, кортҳои электронӣ арзишашон 10 сомонӣ буда, онро метавон дар 74 терминалҳои дар саросари шаҳр ҷойгирбуда харидорӣ кард.

Гуфта мешавад, дар суратҳисоби корти харидашуда 6 сомонӣ боқӣ хоҳад монд, ки мусофирон онро метавонанд барои пардохти роҳкиро истифода хоҳанд кард.

Манбаъ мегӯяд, ин ташаббус дар доираи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд" оғоз шудааст. 

Ба гуфтаи роҳбари гурӯҳи амалисозии барнома, Абдуҷалил Бободҷонов, системаи City Card дар тамоми ҷаҳон маъмул аст ва ба талаботи ҳаёти муосир  ҷавобгӯ мебошад.

"Пардохт дар тӯли чанд сония гузаронида мешавад ва ҳеҷ гуна нороҳатӣ эҷод намекунад. Ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд вақти зиёдро талаб мекунад: пулчинакҳоро зарур меоядҳаммаи мусофиронро гузаранд ва барои баргардонидани бақия боз майдапул кобанд ", - гуфт Бобоҷонов.

Дар баробари ин, сокинони шаҳр ҳанӯз ҳам имкон доранд, ки пули роҳкироро нақдӣ пардохт кунанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан системаи ғайринақдии пардохт тавассутиCity Card дар Душанбе пайдо шуда буд.

Ҳамин тариқ, Хуҷанд дуввумин шаҳр дар Тоҷикистон шуд, ки системаи навро ҷорӣ кард.

 

445
Барчаспҳо:
пардохти ғайринақдӣ, маблағ, пардохт, нақлиёт, Хуҷанд, Тоҷикистон

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

73
(Таҷдидшуда 10:32 27.11.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 27 ноябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1487  сомонӣ нишон дода шудааст.

Уфти рекордии рублу ҷаҳиши доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300  сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.4425 то 13.6000  сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1487 то 0.1510  сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.4425сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1487 сомонӣ.

Пешгӯии коршиносон: қурби доллар ва рубл дар ноябр чанд хоҳад буд?

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

73
Барчаспҳо:
доллар, сомонӣ, рубл, қурби асъор, Тоҷикистон