Самолет узбекских авиалиний, архивное фото

Узбакистон нархи билети парвози Душанбе - Тошкандро арзон кард

146
(Таҷдидшуда 17:00 09.10.2017)
Ширкати мусофирбарии "Ӯзбекистон ҳаво йӯллари" нархи билети яктарафаро 200 сомонӣ арзонтар кард

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ширкати мусофирбарии ҳавоии "Ӯзбекистон ҳаво йӯллари" нархи билети парвози Душанбе — Тошкандро 200 сомонӣ арзонтар кард.

Ба гузориши равобити умумии намояндагии ширкати мусофирбарии Узбакистон дар Тоҷикистон, ҳадаф аз ин иқдом ҷалби мусофирони бештар дар масири Душанбе — Тошканд аст. Акнун билет барои парвоз дар ин масир 881 сомонӣ арзиш дорад, ки камобеш 200 сомонӣ арзонтар аз қимати пешин аст.

Ёдоварӣ мекунем, ки парвозҳои мустақим дар миёни Душанбе ва Тошканд 11 апрели 2017 аз сар гирифта шудаанд ва дар оғоз билет ба як сӯ 1234 сомонӣ арзиш дошт. Ин нарх гарон буд ва мусофир дар ин масир кам парвоз мекард.

Билети парвози дусӯя дар масири Душанбе — Тошканд — Душанбе ҳамакнун 1917 сомонӣ арзиш дорад.

146
Барчаспҳо:
Душанбе-Тошканд, ҳавопаймоӣ, мусофирбарӣ, Ӯзбекистон ҳаво йӯллари, Тоҷикистон-Узбакистон
Мавзуъ
Камбуди мусофир: "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" парвозҳояшро ба Душанбе кам кард
Маршрутное такси в Худжанде

Роҳкирои мусофирбарӣ дар шаҳрҳои Суғд баланд шуд - шарҳи мақомот

620
(Таҷдидшуда 12:05 06.03.2021)
Дар пайи гарон шудани қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ, нархи роҳкирои мусофирбарии дохилишаҳрӣ дар вилояти Суғд ба 1 сомониву 50 дирам баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. То ин вақт арзиши роҳкиро дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ 1, 3 сомонӣ буд ва бар асоси нархномаи нав бештар аз 15% баланд шудааст.

Олимҷон Очилзода, мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби тағйир ёфтани нархи роҳкиро шарҳ дод.

Ӯ гуфт, фармоиши вазорати нақлиёт "Оид ба тарифҳои номиналӣ барои ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ" ҳанӯз соли 2018 ба тасвиб расида буд, вале ширкатҳои мусофирбарӣ то ин вақт, тибқи нархномаи пештара, яъне бо 1 сомонию 30 дирам ба мардум хизмат мерасониданд.

Аммо баланд рафтани қиммати маводи сӯхт аз ҷумлаи бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба ин ҳол ба тағйир ёфтани нархи роҳкиро ногузир шуд.

"Шумори бештари мусофирбарҳо тавасути сӯзишвории дизелӣ фаъолият мекунанд. Ҳоло нархи як литр дизел аз 5, 8 сомонии соли қаблӣ ба 7, 5 - 8 сомонӣ ва қимати бензин аз 6 то 8 сомонӣ дакка хурдааст. Нархномаи қаблии роҳкиро, барои ронандаҳо хароҷотбор гардид ва аз ин лиҳоз тибқи иҷрои фармоиши вазорати нақлиёт ва дар мувофиқа ба ҳукумати вилоят арзиши роҳкирои дохилишаҳрӣ аз санаи 4 уми марти соли ҷорӣ 1, 5 сомонӣ муқаррар карда шуд", - гуфт Очилзода.

Ин масъули идораи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд ҳамчунин таъкид намуд, ки роҳкиро танҳо дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ тағйир ёфта, нарх дар хатсайрҳои байнишаҳриву байниноҳиявӣ бетағйир боқӣ мондааст.

Зимнан ба иттилои масъулин дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Исфара, Конибодом, Истаравшан, шаҳракҳои Ғафуров, Шайдон, Меҳрободи ноҳияи Мастчоҳ ва Навкати ноҳияи Спитамен хатсайрҳои дохилишаҳрӣ амал мекунанд.

Дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоби микроавтобусҳо, автобусҳо амал мекунанд.

Ҷаҳиши якбораи нархи бензин дар Тоҷикистон

Масъулини идораи нақлиёт гуфтанд, ки нархи мусофирбарии дохилишаҳрӣ, барои автобусҳо бетағйир буда, 1 сомонӣ муқаррар шудааст.

620
Барчаспҳо:
Суғд, мусофирбарӣ, гароншавӣ

Тоҷикистон бо як кишвари дигар парвозҳоро барқарор кард

3660
(Таҷдидшуда 16:45 05.03.2021)
Сар аз 5 март тоҷикистониён имкони сафар намудан ба як давлати дигар тариқи ҳавопайморо дарёфт карданд

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Гурҷистон марзи худро ба рӯи Тоҷикистон боз кард ва акнун тоҷикистониён бо пешниҳод кардани ташхиси манфии коронавирус метавонанд тариқи ҳавопаймо ба ин кишвар сафар кунанд, менависад сомонаи ҳукумати Гурҷистон.

Гуфта мешавад, ташхиси коронавирус 72 соат қабл аз парвоз самти Гурҷистон гирифта шавад ва натиҷаи он албатта бояд манфӣ бошад.

Сарвазири Гурҷистон, Иракли Гарибашвили фармон дод, то рӯйхати кишварҳоеро васеъ кунад, ки шаҳрвандонашон дар сурати доштани натиҷаи манфии санҷиши коронавирус ба ҷумҳурӣ биоянд.

Ба ин рӯйхат чор давлати Осиёи Марказӣ шомил шуданд.

Ба ҳамин минвол, равобити ҳавоӣ миёни Гурҷистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон расман боз шуд.

Рӯзи барқароршавии парвозҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон маълум шуд

Қаблан, Гурҷистон аз 1 март парвозҳои мустақимро бо Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус ва Русия аз сар гирифт.

Бояд таъкид намуд, ки чанде пеш парвозҳои мунтазам миёни Ҷумҳурии Қазоқистон низ аз сар гирифта шуд.

3660
Барчаспҳо:
парвоз, Гурҷистон, Тоҷикистон
Таджикская певица Манижа, архивное фото

Тоҷикдухтар Манижа Сангин, Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад

488
(Таҷдидшуда 01:05 09.03.2021)
Сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Шабакаи якуми телевизиони Русия дар бораи роҳёбии Манижа Сангин ба Евровидение-2021 эълон кард.

Гуфта мешавад, Манижа Сангин Русияро бо таронаи Russian woman. намояндагӣ хоҳад кард.

Қаблан шабака иттилоъ дода буд, ки иштирокчии Евровидение аз кишвар рӯзи душанбе - бо овоздиҳии тамошобинон дар як намоиши махсуси идона муайян карда мешавад.
Довталабон Manizha, #2Маши или Therr Maitz буданд, ки тоҷикдухтар соҳиби роҳхат ба Евровидение-2021 гардид.
Евровидение-2021 рӯзҳои 18-22 май дар шаҳри Роттердами Нидерландия баргузор мешавад ва дар он сарояндагон аз 41 кишвар ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, озмун ба таври муқаррарӣ баргузор мешавад, аммо ҳайатҳо ва шумораи рӯзноманигорон коҳиш дода мешаванд.

Клипи нави Манижа: бо қонунҳои Қуръон дохили калисо-видео

Ҳанӯз маълум нест, ки тамошобинон ба намоишҳо ҳозир мешаванд ё не.

Соли гузашта Евровидение бо сабаби пандемияи коронавирус лағв шуда буд. Мебоист Русияро гурӯҳи Little Big намояндагӣ мекард.

Манижа Сангин, сарояндаи тоҷики муқими Русия соли 1991 дар Душанбе ба дунё омадааст ва ба гуфти худаш замони нооромиҳо бо аҳли оилаашон ба Русия омадааст.

Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шӯҳрат пайдо кард.

Манижа Сангин то имрӯз ҳамаи сурудҳояшро ба забонҳои русӣ ва англисӣ сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае гуфт қасд дорад аввал ба хотири ҷамъ кардани аудитория ба ин забонҳо бисарояд ва баъд ба забони модарияш хоҳад суруд. Ахиран ӯ намоҳанги худ "Не до славянка"-ро пешкаши мухлисон кард ва дар он бо забони тоҷикӣ "ё бача ту мара гуш кун" хитоб карда, бо забонҳои русию англисӣ сурудро дар мавзӯи муҳоҷирату миллату зиндагӣ давом дод, ки ин тарона мавриди истиқболи коргарон қарор гирифт. 

Манижа Сангин нахустин сафири СММ аз Русия оид ба гурезагон

Номбурда мегӯяд, аз 8-солагӣ ба эҷоди суруд машғул ҳаст ва ҳамаи намоҳангҳои худро худаш монтаж ва омода мекунад.

Ӯ ахиран соли гузашта нахустин сафири ҳусни нияти Русия оид ба гурезагон дар Созмони Миллали Муттаҳид интихоб шуд.

488