Микроавтобусҳо. Акс аз бойгонӣ

Ҳаминҷо истед: маршруткаҳои Душанбе дар ҳар ҷо нахоҳанд истод

152
(Таҷдидшуда 17:10 24.10.2017)
Минибусҳои мусофирбар ё маршруткаҳои Душанбе аз ин пас танҳо дар истгоҳҳо мусофиронро пиёдаву савор хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Ба иттилоъи хабаргузории Тоҷик.ТА, аз ин пас ронандагони василаҳои нақлиёти умумӣ ҳуқуқ надоранд, дар ҷои дилхоҳи мусофирон микроавтобсуро боздоранд.

"Аз ин пас ронандагон мусофиронро танҳо дар истгоҳҳо аз микроавтобусро танҳо дар истгоҳ нигаҳ хоҳанд дошт", — хабар медиҳад ожонсӣ бо такя ба БДА ВКД Тоҷикистон.

Чунин қонун барои аз байн бардоштани тамба шудани худравҳо дар роҳҳои Душанбе қабул шудааст.

Гуфта мешавад, ки барои ба воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ савору пиёда кардани мусофирон дар ҳар ҷо, яъне ғайр аз истгоҳҳо, ронандагони маршруткаҳо ба маблағи аз 25 то 50 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Пештар хабар дода шуд, ки вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров дар рафти баррасии ислоҳи "Қонун дар бораи воситаҳои нақлиётӣ" изҳор дошт, ки кормандони БДА ба мушкилоти нақлиётӣ дар Душанбе аҳамият намедиҳанд. Чунончи, ронандаҳо ба ҷои ҳашт мусофир дар як худрав то 10 касро савор мекунанд.

152
Барчаспҳо:
манъ кардан, нақлиёт, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Иҷозаи шаҳрдории Душанбе барои фурӯши шир тариқи нақлиёт ба "Агросаноат"
Алоқа, нақлиёт ва ҷаҳонгардӣ: дидори Аслов бо вазири хориҷаи Белгия
Қарори Рустам оиди манъ кардани ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Маҳмадалиев