Саид Вали Султан замминистра транспорта Афганистана

Вазорати нақлиёти Афғонистон: омодаем бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунем

57
(Таҷдидшуда 16:05 30.10.2017)
Муовини вазири таробарии Афғонистон Саидвалӣ Султон аз дурнамои таробарии колоҳо аз роҳи Тоҷикистон - Афғонистон мегӯяд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Афғонистон ба Тоҷикистон пешнависи қарордоди ҳамкорӣ дар заминаи таробарии колову мусофирро дода ва хостори афзоиши гардиши коло ва ҳамлу нақл бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз роҳи Тоҷикистон аст.

Саидвалӣ Султон гуфт, пешнависи қарордод омода шуда ва барои имзо ба вазоратҳои таробарии ду кишвар фиристода шудааст.

"Мо бо Тоҷикистон ҳеч мушкиле надорем. Роҳамон барои ронандаҳои тоҷик боз аст. Агар онҳо мехоҳанд ху борашонро то Кобул бирасонанд, бифармоянд, бибаранд. Мо барояшон монеъ эҷод намекунем", — гуфт Саидвалӣ Султон дар суҳбат бо родю Sputnik.

Вай ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки ҳарчанд роҳҳо дар бархе аз манотиқи афғонистон амн нестанд, вале давлат бо гурӯҳҳои қонуншикану ҳаросафкан ба шиддат мубориза мекунад то ҳамлу нақл дар роҳҳоро озоду бебим кунад.

Султан: у таджиков нет проблем проехать по Афганистану

57
Барчаспҳо:
борбарӣ, ҳамлу нақл, таробарӣ, Вазорати таробарии Афғонистон, Саидвалӣ Султон, Тоҷикистон-Афғонистон
Мавзуъ
Тоҷикистону Афғонистон роҳҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд
Дабирони шуроҳои амнияти Тоҷикистону Қазоқистон авзоъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Парвози махсус аз Машҳад ба Душанбе: 122 мусофир вориди Тоҷикистон мешаванд

176
(Таҷдидшуда 18:26 13.08.2020)
Парвози махсус дар ҳамоҳангӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Эрон сурат гирифта, 122 мусофир озими Тоҷикистон хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Интизор меравад, имрӯз 13 - уми август аз шаҳри Машҳади Эрон парвози махсус ба Тоҷикистон анҷом ёбад, хабар медиҳад "Парс тудей".

Ба иттилои манбаъ, парвози махсус бо ҳамоҳангии сафорати Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Эрон ва бар асоси меъёрҳои шадиди тандурустӣ анҷом мешавад.

Хушхабари Муҳриддин: ҳамарӯза 2 парвоз самти Тоҷикистону Русия сурат мегирад

Гуфта мешавад, қаблан сафорати Тоҷикистон дар Эрон хоҳишмандони сафар ба Тоҷикистонро номнависи карда буд.

"Дар парвози имрӯз ҳудуди 122 мусофир аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон озими Душанбе ҳастанд, ки дар идома бо ҳамин парвоз шаҳрвандони эронии сокини Тоҷикистон ба ватанашон боз хоҳанд гашт.

Дар пайи шуюи вируси корона парвозҳои мамулии миёни кишварҳои дӯст ва бародари Эрон ва Тоҷикистон қатъ шуда ва дар ин охир танҳо ду парвози ихтисосӣ миёни ду кишвар анҷом шуда, ки инак парвози севвум дар роҳ аст.

Қарор аст, парвози оянда дар масири Машҳад ба Душанбе ва баръакс рӯзи  3 -юми сентиябр сурат гирад.

176
Самолет на закате, архивное фото

Қазоқистон парвозҳои мунтазамро бо Русия ва 6 кишвари дигар барқарор мекунад

579
(Таҷдидшуда 20:02 12.08.2020)
Қазоқистон дар бораи барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо шаш кишвари ҷаҳон аз 17 август эълон кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Парвозҳои байналмилалии Қазоқистон аз 17 август ботадриҷ барқарор карда мешавад, хабар медиҳад Кумитаи авиатсияи шаҳрвандӣ.

Рӯйхати мамлакатҳое, ки шаҳрвандони Қазоқистон метавонанд ба онҳо парвоз кунанд, зиёд нест - танҳо ҳафт кишвар: Русия, АМА, Белорус, Олмон, Недерланд, Миср ва Украина.

Сафорат дар бораи парвозҳои мунтазам миёни Русияву Тоҷикистон

"Вазорати тандурустӣ ҳамроҳ бо ҳукуматҳои авиатсионии кишварҳои дар боло зикршуда масъала барқарор кардани парвозҳои мунтазам пешакӣ баррасӣ кард", - омадааст дар хабарнома.

Парвозҳо мувофиқи созишномаи байналмиаллӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ роҳандозӣ мешаванд.

Дар бораи барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистон чизе гуфта нушадааст.

579
Барчаспҳо:
парвозҳои мустақим, барқароршавӣ, барқарорӣ, Қазоқистон, Русия
Урна для голосования на одном из избирательных участков в Таджикистане. Архивное фото

Интихоботи президентӣ: Ҳизби аграрӣ ҳам номзад пешниҳод мекунад

0
(Таҷдидшуда 19:35 13.08.2020)
Ҳизби аграрии Тоҷикистон анҷумани ғайринавбатии худро даъват кардааст, то номзади худро дар интихоботи президентӣ пешниҳод кунад

Душанбе, 13 август - Sputnik. Рустам Латипов, раиси Ҳизби аграрӣ, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин анҷуман қарор аст соати 09:00 – и рӯзи шанбе, 15 август дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шавад.

"Мо ҳудуди 130 намояндаи худро аз шуъбаҳои Ҳизби аграрӣ дар саросари кишвар даъват кардаем. Ду масъала дар рӯзномаи маҷлис аст. Яке, ширкати ҳизб дар интихоботи президентӣ ва дигаре, пешниҳоди номзад", - гуфт Рустам Латипов.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2005 таъсис ёфта, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 низ ширкат кардааст.

Дар интихоботи президентии соли 2006 номзади ҳизб раиси он Амир Қароқулов буд, ки бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон, 5,2 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда буд.

Таъйини интихобот ба рӯзи 13 сентябри соли 2020

Дар интихоботи президентии соли 2013 Ҳизби аграрӣ номзадии Толиббек Бухориев, муовини раиси ҳизбро пешниҳод кард, ки 4,61 дарсад раъй гирифт.

Интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябри соли равон баргузор мешавад. То ба ҳол ҳеҷ як аз номзадҳо маълум нестанд.

0
Барчаспҳо:
ҳизб, чор ҳизб, Тоҷикистон, интихобот