Фурудгоҳи Остона. Акс аз бойгонӣ

Лағви беш аз даҳ парвоз дар фурудгоҳи Нурсултон Назарбоев

63
(Таҷдидшуда 11:45 11.12.2017)
Ба гузориши Созмони обуҳавошиносии Қазоқистон имрӯз дар кишвар ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, боди сахт мевазад

ДУШАНБЕ, 11 дек— Sputnik. Дар фурудгоҳи Нурсултон Назарбоев нӯҳ парвоз ба таъхир афтоду чаҳор парвоз лағв шуд. Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилоъи оинаи электронии торномаи фурудгоҳ, рӯзи душанбе парвози ширкатҳои ҳавапаймоии Qazaq Air, Scat ва Air Astana лағв шуд.

Ҳамчунин парвози IQ 387 ба Шимкент, IQ 385 ба Актоб, KC 315 ба Павлодар, KC 852 ба Алмаато ва DV 716 ба Шимкент ба таъхир уфтоданд.

Се парвоз аз Алмаато IQ 353, IQ 355, KC 851 ва яке аз Павлодар KC 316 аз вақти муқарраршудаашон дертар ба пойтахти Қазоқистон мерасанд.

Дар баробари ин ду парвоз аз Алмаато (KC 853 ва IQ 357) ва ду парвоз ба Алмаато (KC 854, IQ 358) лағв шуд.

Як рӯз пештар бошад дар фурудгоҳи шаҳри Остона 15 парвоз лағв шуд.

Ба гузориши Созмони обуҳавошиносии Қазоқистон аз 9 то 11 декабр дар кишвар ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, бод то 20 метр дар як сония мевазад.

63
Барчаспҳо:
лағви парвозҳо, Остона