Рустам Эмомалӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ. Акс аз бойгонӣ

Шаҳрдори Душанбе нақлиёти ҷамъиятиро барои бознишастагон ройгон кард

611
(Таҷдидшуда 15:49 18.12.2017)
Рустам Эмомалӣ бо имзои як қарор истифодаи нақлиёти ҷамъиятиро дар пойтахт барои бознишастагони синнашон аз 75-сол боло ройгон кард

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар ин бора дар қарори шаҳрдори Душанбе, ки дар равобити умумии шаҳрдорӣ мунташир шудааст, гуфта мешавад.

Шаҳрдори Душанбе бо имзои як қарор истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, ба истиснои таксиро дар пойтахт барои бознишастагони синнашон аз 75-сол боло ройгон кард. Ба бознишастагон корт ё чиптаҳои вижае дода мешавад.

"Аз 15 декабри соли 2017 хизматрасонӣ тавассути нақлиёти мусофирбари истифодаи умум (ба истиснои таксӣ) дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда (чиптаи имтиёзноки солона ё корти имтиёзноки пардохти электронии роҳкиро) тариқи ройгон ба роҳ монда шавад", — омадааст дар қарори шаҳрдорӣ.

Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенақлиётхадамот-расон" якҷо бо корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии "Автобус-1, 2, 3", "Троллейбус" ва ҷамъиятҳои нақлиётие, ки дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати дастгирии моддӣ-маънавии бознишастагони солашон аз 75 боло барои истифодабарии ройгон дар воситаи нақлиёти мусофирбари истифодаи умум ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

611
Барчаспҳо:
бознишастагон, нақлиёт, ройгон, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Қарори Рустам Эмомалӣ дар бораи таҷлили бошукуҳи Соли нав
Рустам Эмомалӣ барои ҷароҳии беморон маблағ ҷудо кард
Рустам Эмомалӣ: дар остонаи Соли нав дар Душанбе фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ташкил шавад