Чрезвычайный и Полномочный Посол Республики Таджикистан в Азербайджанской Республике Рустам Соли встретился с Председателем ЗАО “Азербайджанское Каспийское Морское Пароходство” Азербайджанской Республики Рауфом Валиевым.

Тоҷикистон дар каронаҳои дарёи Хазар чи меҷӯяд?

116
(Таҷдидшуда 13:59 28.03.2018)
Сафири Тоҷикистон дар Боку бо мудири ширкати киштиронии дарёи Хазар роҳҳои ҳамлу нақли колоҳои тоҷикӣ аз қаламрави Озарбойҷонро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ 8 январ бо мудири ширкати киштиронии дарёи Хазар Рауф Валиев  дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хадамоти иттилоърасонии Вазорати умури хориҷии ҶТ, дар ин дидор Рустам Солӣ ва Рауф Валиев равобиту ҳамкориҳои ду кишварро дар марҳалаи кунунӣ мусбат арзёбӣ карда ва хостори густариши равобит ва рушди ҳамкориҳо дар заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву тиҷорӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки Рауф Валиев омодагии ширкати киштиронии дарёи Хазар барои ҳамлу нақли колоҳои Тоҷикистон аз қаламрави Ҷумҳурии Озарбойҷон ба нархи муносибро эълом кардааст.

Чанде пеш аз ин Рустам Солӣ бо раиси Фарҳангистони миллии улуми Ҷумҳурии Озарбойҷон Акиф Ализода низ дидору гуфтугӯ карда ва дурнамои ҳамкориҳои илмӣ ва фаннии ду кишварро баррасӣ карда аст.

116
Барчаспҳо:
дарёи Хазар, Акиф Ализода, Рустам Солӣ, Тоҷикистон-Ҷумҳурии Озарбойҷон
Мавзуъ
Ҷумҳурии Озарбойҷон барои Тоҷикистон ҳавонавард омода хоҳад кард
Коршиносон нишасти кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро омода карданд
Тоҷикистон равобиту ҳамкориҳояшро бо Ҷумҳурии Озарбойҷон густариш медиҳад
Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамкорӣ дар заминаи кору таъмини иҷтимоиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо як кишвари дигар парвозҳоро барқарор кард

2212
(Таҷдидшуда 16:45 05.03.2021)
Сар аз 5 март тоҷикистониён имкони сафар намудан ба як давлати дигар тариқи ҳавопайморо дарёфт карданд

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Гурҷистон марзи худро ба рӯи Тоҷикистон боз кард ва акнун тоҷикистониён бо пешниҳод кардани ташхиси манфии коронавирус метавонанд тариқи ҳавопаймо ба ин кишвар сафар кунанд, менависад сомонаи ҳукумати Гурҷистон.

Гуфта мешавад, ташхиси коронавирус 72 соат қабл аз парвоз самти Гурҷистон гирифта шавад ва натиҷаи он албатта бояд манфӣ бошад.

Сарвазири Гурҷистон, Иракли Гарибашвили фармон дод, то рӯйхати кишварҳоеро васеъ кунад, ки шаҳрвандонашон дар сурати доштани натиҷаи манфии санҷиши коронавирус ба ҷумҳурӣ биоянд.

Ба ин рӯйхат чор давлати Осиёи Марказӣ шомил шуданд.

Ба ҳамин минвол, равобити ҳавоӣ миёни Гурҷистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон расман боз шуд.

Рӯзи барқароршавии парвозҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон маълум шуд

Қаблан, Гурҷистон аз 1 март парвозҳои мустақимро бо Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус ва Русия аз сар гирифт.

Бояд таъкид намуд, ки чанде пеш парвозҳои мунтазам миёни Ҷумҳурии Қазоқистон низ аз сар гирифта шуд.

2212
Барчаспҳо:
парвоз, Гурҷистон, Тоҷикистон
Самолет, на фоне заката

Тоҷикистон парвозҳои мунтазамро бо ду кишвар аз сар гирифт

4047
(Таҷдидшуда 15:03 02.03.2021)
Дар Тоҷикистон, ки ҳоло вазъи эпидемиологӣ дар робита ба маризии коронавирус беҳбуд ёфтааст, равобити ҳавоӣ бо ду кишвар барқарор шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тоҷикистон равобити ҳавоиро бо Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Афғонистон барқарор намуд.

Ба иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, ҳамакнун парвозҳо ҳафтае як маротиба дар масири Душанбе - Алмаато - Душанбе ва инчунин Душанбе - Афғонистон - Душанбе сурат мегиранд.

Манбаъ меафзояд, масъалаи барқарор шудани парвозҳои мунтазим дар ҷаласаи ахири мудири агентӣ Икром Субҳонзода бо намояндагони "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва ҳамчунин намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии "Белавиа"- и Белорус, "Эйр Астана"-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва "Кам Эйр"- и Афғонистон баррасӣ шуд.

Зикр мегардад, ки дар ҷаласаи мазкур Икром Субҳонзода ба беҳ шудани вазъи ҳамагирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора карда, изҳор доштааст, ки чунин вазъият ба барқарор кардани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ мусоид аст.

Илова бар ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза алайҳи коронавирус низ иҷозат додааст, ки парвозҳои мунтазам бо Афғонистону Қазоқистон барқарор шавад.

Вазир: Русия барои роҳандозии парвозҳо ягон шарт нагузоштааст

Гуфта мешавад, ҳоло масъалаи барқарор шудани равобити ҳаво бо Белорус низ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Агентӣ тавзеҳ додааст, ки дар рафти ҷаласа аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост шудааст, ки нархи чиптаро хуқдсарона афзун накунанд, балки дар доираи арзиши аслӣ фурӯхта шавад.

4047
Барчаспҳо:
Афғонистон, Қазоқистон, парвоз, Тоҷикистон
День 6 марта

Зодрӯзи Парвин Юсуфӣ ва таъсиси клуби "Реал": имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 18:04 02.03.2021)
Рӯзи шашуми март дар Ҷумҳурии Муғулистон Рӯзи матбуот ва дар Гана Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 6 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон  маҷаллаи "Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ" нашр шуд.

Соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.

Соли 1902 клуби футболи "Реал" (Мадрид) таъсис дода шуд.

Соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок намудан дода шуд.

Соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлолияти мамлакат овоз доданд.

Рӯзи 6 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 ВАО хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот сохта шуд.

Соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти КФО баргузор гардид, ки дастаи "Вахш"-и Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 март

  • Дар Муғулистон – Рӯзи матбуот.
  • Дар Гана – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 6 март кӣ ба дунё омадааст

Соли 1928 - доктори илмҳои филология, профессор Расул Ҳодизода.

Соли 1938 - шоир Одина Мирак.

Соли 1945 - иқтисодшинос Муртазо Қаҳҳоров.

Соли 1969 - сорояндаи маъруфи тоҷик Парвин Юсуфӣ.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Акашариф Ҷӯраев ва нахустин пирӯзии Майк Тайсон: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Дона Баҳромов ва ифтитоҳи Маҷмааи тандурустии "Истиқлол": имрӯзи таърих