Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" парвозҳо ба Ҳиндустонро бештар мекунад

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии " Тоҷик Эйр"Самолет авиакомпании "Таджик Эйр", архивное фото
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" парвозҳо ба шаҳри Деҳлиро бештар мекунад

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ширкати "Тоҷик Эйр" аз ин пас ҳафтае ду бор ба пойтахти Ҳиндустон парвоз анҷом хоҳад дод.

Ба гузориши ТоҷикТА, парвозҳо рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа бо ҳавопаймои "Boeing 737-300" анҷом дода хоҳанд шуд.

Ширкат нархи билети рафту баргаштро 3 953 сомонӣ муқаррар карда аст.

Гуфта мешавад, ки афзоиши парвозҳои хориҷии ширкати "Тоҷик Эйр" заминаро барои густариши сафарҳои хориҷии шаҳрвадони Тоҷикистон ва омадани ҷаҳонгардон фароҳам мекунад.

Ёдоварӣ мекунем, ки ҳамакнун ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ба шаҳрҳои Алмаато, Бишкек, Деҳлӣ, Теҳрон, Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Сургут парвозҳои хориҷӣ анҷом медиҳад.

Ин ширкат дар поёни соли 2017 ҳамчунин парвозҳо дар масири Душанбе — Урумчӣ — Душанберо дубора оғоз кард. Ин парвозҳо ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе бо ҳавопаймои "Боинг 737" анҷом дода мешаванд.

Ширкати "Тоҷик Эйр" ҳамчунин аз Душанбе ба Хуҷанд ва Хоруғ низ парвозҳои дохилӣ анҷом медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0