Терминали нави фурудгоҳи Душанбе

Гум шудан ва нагирифтани бағоҷ: 1191 шикоят аз фурудгоҳи Душанбе

480
(Таҷдидшуда 10:54 16.01.2018)
Барои наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо ба фурудгоҳи Душанбе 1191 эрод ворид шудааст

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар ин бора дар равобити умумии "Фурудгоҳи байнулмиллалии Душанбе" хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 1191 эрод ворид шуд, ки назар ба соли 2016 – 202 эрод ё 20,4 % зиёдтар мебошад. Аз онҳо 1172 эрод қонеъ гардонида шуд ва 19 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ ба 5549 рейсҳои доимӣ хизмат расонида шудаааст, ки назар ба соли 2016 89 рейс ё 1,6 % зиёдтар мебошад.

Соли 2017 теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) 1296 ададро ташкил дод, ки назар ба соли 2016 – 339 парвоз ё 35,4% зиёдтар мебошад.

Ба гузориши манбаъ, сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 904 ҳолат, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 230 ҳолат, номусоидии обу ҳаво – 65 ҳолат, ҷорӣ будани реҷа – 24 ҳолат ва ғайра.

Гуфта мешавад, соли 2017 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 1,3 млн. нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли 2016 — 148,8 ҳазор ё 12,7% зиёдтар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 5549 рейсҳои доимӣ хизмат расонида шуд, ки назар ба соли 2016 89 рейс ё 1,6 % зиёдтар мебошад. Инчунин оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 1191 эрод ворид шуд, ки назар ба соли 2016 – 202 эрод ё 20,4 % зиёдтар мебошад. Аз онҳо 1172 эрод қонеъ гардонида шуд ва 19 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки соли 2017 миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҷи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда — 2473,0 тн.-ро ташкил дод, ки назар ба соли 2016 153,0 тн. ё 6,6 % зиёдтар мебошад.

Миқдори маҳсулоти кишоварзии аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҷи байналмилалии Душанбе қабулшуда дар соли 2017 — 219,9 тоннаро ташкил дод, ки нисбати соли 2016 — 100,6 тн. ё 84,2% зиёдтар аст.

480
Барчаспҳо:
нагирифтани бағоҷ, лағви парвозҳо, Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, Тоҷикистон

55 парвози иловагии чартерӣ то охири моҳ: ВУХ вақту замони парвозҳоро гуфт

1209
(Таҷдидшуда 14:45 15.08.2020)
Ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" то авохири моҳи ҷорӣ аз Федератсияи Русия боз 55 парвози дигари чартерӣ анҷом медиҳанд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Сар аз 16 то 31 - уми август аз Федератсияи Русия боз 55 парвози чартерӣ ба самти Тоҷикистон анҷом мешавад, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии кишвар.

Ба иттилои манбаъ, парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ҳавопаймоҳои ватанӣ, "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" сурат гирифта, тоҷикистониёнро аз шаҳрҳои Санкт - Петербург, Екатеринбург, Новосибирс, Қазон, Краснодар ва Сургут ба ватан интиқол медиҳанд.

Гуфта мешавад, барӯихатгирии хоҳишмандони парвоз ба ватан дар сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ва дар консулгарии генералии Русия тартиб дода мешавад.

Манбаъ меафзояд, бартарият бештар ба занони ҳомила ва кӯдакдорон, пиронсолону маризон, донишҷӯён ва кормандони давлатӣ дода мешавад.

Хушхабари Муҳриддин: ҳамарӯза 2 парвоз самти Тоҷикистону Русия сурат мегирад

ВУХ мегӯяд, хоҳишмандон метавонанд аризаи худро ба суроғаи электронии  charter-russia@mfa.tj ирсол намоянд.

Зимнан, таъкид мешавад, ки тибқи дастури Вазорати тандурустии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки ба ватан бармегарданд бояд маълумотнома дар мавриди мубтало набудан ба коронавирус дошта бошанд. Санаи гирифтани ин маълумотнома набояд аз 4 рӯз бештар бошад ва танҳо кӯдакони то синни 3 - сола аз доштани ин маълумотнома истисно ҳастанд.

Танҳо дар сурати пешниҳод кардани маълумотномаи тиббӣ, шаҳрвандони кишварро аз фаро гирифтан ба карантин озод мекунанд.

1209
Барчаспҳо:
Русия, Тоҷикистон, парвозҳо, ВУХ ҶТ

Парвози махсус аз Машҳад ба Душанбе: 122 мусофир вориди Тоҷикистон мешаванд

241
(Таҷдидшуда 18:26 13.08.2020)
Парвози махсус дар ҳамоҳангӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Эрон сурат гирифта, 122 мусофир озими Тоҷикистон хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Интизор меравад, имрӯз 13 - уми август аз шаҳри Машҳади Эрон парвози махсус ба Тоҷикистон анҷом ёбад, хабар медиҳад "Парс тудей".

Ба иттилои манбаъ, парвози махсус бо ҳамоҳангии сафорати Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Эрон ва бар асоси меъёрҳои шадиди тандурустӣ анҷом мешавад.

Хушхабари Муҳриддин: ҳамарӯза 2 парвоз самти Тоҷикистону Русия сурат мегирад

Гуфта мешавад, қаблан сафорати Тоҷикистон дар Эрон хоҳишмандони сафар ба Тоҷикистонро номнависи карда буд.

"Дар парвози имрӯз ҳудуди 122 мусофир аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон озими Душанбе ҳастанд, ки дар идома бо ҳамин парвоз шаҳрвандони эронии сокини Тоҷикистон ба ватанашон боз хоҳанд гашт.

Дар пайи шуюи вируси корона парвозҳои мамулии миёни кишварҳои дӯст ва бародари Эрон ва Тоҷикистон қатъ шуда ва дар ин охир танҳо ду парвози ихтисосӣ миёни ду кишвар анҷом шуда, ки инак парвози севвум дар роҳ аст.

Қарор аст, парвози оянда дар масири Машҳад ба Душанбе ва баръакс рӯзи  3 -юми сентиябр сурат гирад.

241
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба наздикони Гулназар Келдӣ изҳори ҳамдардӣ кард

0
(Таҷдидшуда 19:54 15.08.2020)
Вазорат мегӯяд, ки аз даргузашти шоири мардумии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ сахт андӯҳгин аст

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз даргузашти шоири мардумии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ изҳори андӯҳ карда, ба наздикони шоири маҳбуби тоҷик  ҳамдардӣ кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорат гузориш медиҳад.

"Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунари кишвар нисбати даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ сахт андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардии амиқ мекунанд", - менависад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ҳамагӣ чанд рӯз пеш Гулназар Келдӣ бо нишони маризии коронавирус бистарии беморхона гардида шуд ва ахиран рӯзи 13 - уми август ҷон ба Ҷонофарин супорид.

Марҳум чанд рӯз қабл дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".

Он сӯҳбати шоир ба 11 август,  баъд аз хабари ба бемористон интиқол ёфтани шоир анҷом дода шуд. Гулназар Келдӣ, аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки аз бемории ӯ  ташвиш накашанд.

Маросими видоъ бо устод Гулназар Келдӣ - навори муфассал

"Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфта буд шоири халқии Тоҷикистон.

0