Автомобиль Irankhodro Dena, архивное фото

Сохтусози худравҳои эронӣ дар Белорус аз сар гирифта мешавад

84
(Таҷдидшуда 19:59 24.01.2018)
Ширкатҳои “Эронхудрав” ва “Юнисон” қарор доданд, ки сохтусози худравҳои сохти Эронро дар Белорус аз сар бигиранд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Бино ба қарордоде, ки ширкати “Эронхудрав” ва ширкати белорусии “Юнисон” имзо кардаанд, монтажи худравҳои сохти Эрон дар Белорус аз сар гирифта мешавад, гузориш медиҳад “Форс”.

Дар марҳилаи аввали иҷрои ин қарордод, ки дар чорчӯби чаҳордаҳумин иҷлоси Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Белорус имзо шуда, тавлиди 1 ҳазор худрави “Дено” дар сол ҳадафгузорӣ шудааст.

Дар марҳилаи дувум низ тавлиди худравҳои “Дено Плюс” ва маҳсулоти нави “Эронхудрав” бо платформаи миллӣ пешбинӣ шудааст ва дар муддати панҷ сол тавлиди ин корхона ба 5 ҳазор худрав хоҳад расид.

Ширкати “Эронхудрав” эълом карда, ки барои нахустин бор ба манзури афзоиши кайфияти хадамоти пас аз фурӯш, пас аз поён ёфтани давраи гарантии худравҳо бар асоси натиҷаи арзёбии ризоятмандии муштариён, як дарсад аз ҳазинаи хадамоти пас аз фурӯшро ба ширкати “Юнисон” подош хоҳад дод.

Густариши бозор дар кишварҳои ҳамсуд аз роҳи тавлиди худрав дар Белорус ва содирот ба ин кишварҳо яке аз аҳдофи эҳёи корхонаи “Эронхудрав” дар Белорус аст.

84
Барчаспҳо:
худравсозӣ, Эронхудрав, Эрон, Белорус
Мавзуъ
Корхонаи худравсозии Peugeot дар Узбакистон зудтар оғоз ба кор мекунад
Узбакистон дар соли 2019 сохти худрави "Volkswagen Amarok"-ро оғоз мекунад
Фаронса ва Эрон барои сохти 150 ҳазор худрави Renault қарордод бастанд