Транспорт в Душанбе

Вуруд мамнуъ: Тоҷикистон марзашро ба рӯи худравҳои кӯҳна мебандад

362
(Таҷдидшуда 20:54 25.01.2018)
Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 воридоти худравҳоеро мамнуъ мекунад, ки беш аз 13 сол пеш тавлид шуда бошанд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дорад воридоти худравҳоеро, ки то соли 2005 тавлид шудаанд, мамнуъ кунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА ба нақл аз Саидусмон Судуров, масъули бахши назорат бар баҳрагирӣ ва ҳимоят аз ҳаво дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҶТ.

“Пешниҳод шуда, ки воридоти худравҳое, ки то соли 2005 сохта шуда бошанд, ба қаламрави Тоҷикистон мамнуъ шавад”, — гуфтааст Судуров имрӯз дар нишасти хабарӣ.

Вай афзуд, ки ҳукумат ҳамакнун ин пешниҳодро баррасӣ дорад. “Агар ин пешниҳод пазируфта шавад, аз 1-уми апрели имсол воридоти худравҳое, ки то соли 2005-ум тавлид шуда бошанд, мамнуъ хоҳад шуд”, — гуфтаст ин масъул.

Вай дар тавзеҳи ин пешниҳод гуфта, ки дуди худравҳои кӯҳна ҳаворо бештар олуда мекунад.

Ёдоварӣ мекунем, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли 2017 боҷи гумрукии худравҳои навро 50 дарсад кард то шаҳрвандон камтар худравҳои кӯҳнаро бихаранд.

362
Барчаспҳо:
Тоҷикистон
Мавзуъ
Сохтусози худравҳои эронӣ дар Белорус аз сар гирифта мешавад
КҲФ ҶТ: худрав дар паи тундравии ронанда ба партгоҳи 150-метрӣ афтодааст
Узбакистон дар соли 2019 сохти худрави "Volkswagen Amarok"-ро оғоз мекунад
Корхонаи худравсозии Peugeot дар Узбакистон зудтар оғоз ба кор мекунад