"Ҷанги ҳавоӣ": Русия аз Тоҷикистон мехоҳад то 5 апрел тасмимашро бигирад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкАэропорт, архивное фото
Аэропорт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати таробарии Русия гуфта, ки Тоҷикистон қарордодҳои байналмилалиро нақз карда ва бе иттилоърасонӣ ба ширкати мусофирбарии русӣ, парвоз дар масири Перм – Душанберо иҷоза надодааст

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Вазорати таробарии Русия интизор дорад, ки Тоҷикистон масъалаи мусофирбарии ҳавоӣ миёни ду кишварро то 5 апрел ҳалл хоҳад кард, гуфт вазири таробарии Русия Максим Соколов.

"Мо барои Тоҷикистон то 5 апрел фурсат додем", — афзуд вай дар посух ба пурсиши хабарнигорон.

Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба ду парвози "Уральские авиалинии" аз Екатеринбург иҷоза дод

"Мо бо ҳамкоронамон дар тамос ҳастем. Агар бо онҳо ба созишу тавофуқ нарасем, бар асоси муқаррароти қарордодамон барои мусофирбарии ҳавоӣ иқлом хоҳем кард", — тавзеҳ дод Соколов.

Пеш аз ин намояндаи Вазорати таробарии Русия гуфта буд, ки Тоҷикистон қарордодҳои байналмилалиро нақз карда ва бе иттилоърасонӣ ба ширкатҳои мусофирбарии русӣ, парвозҳо дар масири Перм – Душанберо иҷоза надода ва ҳамчунин дархости анҷоми паврозҳо дар масирҳои Краснодар – Хуҷанд, Челябинск – Душанбе ва Жуковский – Кӯлобро ҳам таъйид накардааст.

Ба гуфти вай, Русия ин ҳаққро барои худ нигаҳ дошта, ки бо Тоҷикистон муомила ба мисл кунад.

Лентаи хабарҳо
0