Ҳайъати Тоҷикистон барои гуфтушуниди ҳавоӣ ба Русия сафар кард

CC0 / Pixabay / Пассажиры в самолете, архивное фото
Пассажиры в самолете, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдрас мешавем, аз 5 апрел Русия иҷозатномаашро аз Tajik Air ва Somon Air ба чанд масири Русия бозпас гирифт

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Вазорати нақлиёти Русия рӯзи 4 апрел бо ҷониби Тоҷикистон масоили парвозҳои ҳавоиро байни ду кишвар баррасӣ мекунад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости дар истинод ба манбааш дар вазорат хабар медиҳад.

"Гуфтушинидҳо бо намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба 4 апрел ба нақша гирифта шудаанд",- гуфтааст намояндаи вазорат.

Пештар хабар дода шуд, ки Вазоарти нақлиёти Русия баъди нагирифтани посух ба пешниҳоди гуфтушунид бо намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, аз 5 апрел иҷозатномаашроба чанд масири Русия аз Tajik Air ва Somon Air бозпас гирифт.

Ёдрас мешавем, ихтилофоти ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия миёнаҳои моҳи март оғоз шуд. Ҷониби Тоҷикистон барои парвози ширкати русии "Уралские авиалинии" аз чанд шаҳри Русия ба Тоҷикистон изҷоза надода Русияро ба нақзи созишномаи имзошуда айбдор карда буд.

Вазорати нақлиёти Русия дар навбати худ, чораҳои ҷавобӣ андешида аз 1 апрел парвозҳои ширкати "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр"-ро ба 10 шаҳри кишвараш қатъ кард. Барқияи қатъи парвозҳо рӯзи шанбе ба дасти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон расида буд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳам парвози панҷ ширкати русӣ: "Уралские авиалинии", UTair, "Сибир", "Северный ветер" ва "Глобус"-ро аз таърихи 2 апрел ба шаҳри Душанбе ва Хуҷанд қатъ кард.

Лентаи хабарҳо
0