Мусофирони дохили автобус. Акс аз бойгонӣ

Салом Хуҷанд: нахустин автобус аз Узбакистон ба Тоҷикистон ба роҳ баромад

131
(Таҷдидшуда 11:56 15.05.2018)
Ҳаракати автобусҳо миёни шаҳру навоҳии Узбакистону Тоҷикистон соли 1992 қатъ гардида буд

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Узбакистону Тоҷикистон рӯзи сешанбе ҳаракати автобусҳоро аз сар гирифтанд, хабар медиҳад оҷонсии нақлиёти (Узавтотранс).

Ҳаракати автобусҳо миёни шаҳру навоҳии Узбакистону Тоҷикистон соли 1992, бо оғоз шудани ҷанги шаҳрвандӣ, қатъ гардида буд.

"Нахустин автобус дар масири "Тошканд-Хуҷанд-Тошканд" бо гурӯҳи корӣ-намояндагони вазоратҳо ва хабарнигорон рӯзи 15 май, соати 8.30 (бо вақти Душанбе) аз вокзали "Тошканд" равон шуд", — омадаааст дар хабарнома.

Роҳи сафар аз Тошканд то Хуҷанд 174 километр аст. Вақти сафар 4,5 соатро ташкил медиҳад. Ҳар рӯзе се маротиба автобус аз Тошканд ба Хуҷанд ва баракс сафар хоҳад кард. Арзиши сафар-50 ҳазор сом (наздики 6 доллар) муқарррар шудааст. Ба иттилоъи оҷонсӣ мусофирон бо навбат дар давоми ним соат постгоҳи гузаргоҳро убур хоҳанд кард.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистону Узбакистон 12 масири автобус мекушоянд.

"Автобусҳои мусофирбар сафари худро байни ду кишвар дар аввали моҳи май шурӯъ мекунад. Дар ин ҷода 12 масири муназзам кушода мешавад — ба Тошканд, Самарқанд, Фарғона, Деҳнав, Қӯқанд, Бухоро ва Термиз", — хабар медиҳад РИА Новости.

Мусофиронро ба шаҳрҳои Узбакистон ширкати тоҷикистонии Asian Express мебарад, Узбакистон ширкати мусофирбарии худро каме дертар муаррифӣ хоҳад кард.

"Масирҳои автобусӣ Душанберо бо шаҳрҳои узбакистонии Деҳнав ва Тирмиз, Панҷикандро бо Самарқанду Бухоро, Хуҷандро бо Тошканду Фарғона пайваст намуда, нақлиёти мусофирбар аз Шаҳритӯс ба Термиз, аз Исфара ва Конибодом ба Қӯқанду Андиҷон ва Намангону Фарғона мегарданд", — иттилоъ доданд дар Вазорати нақлиёт.

131
Барчаспҳо:
ҳаракати автобусҳо, Узбакистон, Тоҷикистон