Бо карнаю сурнай: автобуси Хуҷандро дар Тошканд чигуна пешвоз гирифтанд

Бо карнаю сурнай: автобуси Хуҷандро дар Тошканд чигуна пешвоз гирифтанд

531
Рӯзи 16 май нахустин автобуси ширкати "Asian Express Terminal" — и Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вориди шаҳри Тошканди Узбакистон гардид

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар Узбакистон мусофирони аввалинро бо нону намак ва зери садои карнаю сурнай истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ик тариқи хатсайри аввалин, намояндагони Вазорати нақлиёти оҷикистон, вилояти Суғд, илму адаб ва рӯзноманигорон будаанд.

"Меҳмононро дар Узбакистон бо нону намак ва зери садои карнаю сурнай истиқбол гирифтанд"., —омадааст дар хабарнома.

Ба гузориши манбаъ, ҳайати Тоҷикистон дар доираи сафар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Тошканд дидан менамоянд.

Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 15 май аввалин автобусҳои ширкати "Манзара Туризм"-и Узбакистон вориди шаҳри бостонии Хуҷанд шуд.

Роҳи сафар аз Тошканд то Хуҷанд 174 километр аст. Вақти сафар 4,5 соатро ташкил медиҳад.

Ҳар рӯзе се маротиба автобус аз Тошканд ба Хуҷанд ва баракс сафар хоҳад кард. Арзиши сафар-50 ҳазор сом (наздики 6 доллар) муқарррар шудааст.

Мусофирон бо навбат дар давоми ним соат постгоҳи марзиро убур хоҳанд мекунанд.

531
Барчаспҳо:
нахустин автобусҳо, сафари автобусҳо, Тошканд, Хуҷанд