Бахтиёр Лутфуллоев, ҳабсшуда дарои дашноми ронандаи мусофирбар дар Душанбе

Ҳабси шаҳрванд дар Душанбе барои дашноми ронандаи мусофирбар

547
(Таҷдидшуда 19:43 14.09.2018)
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд Бахтиёр Лутфуллоевро дар дағалӣ бо ронандаи нақлиёти мусофирбар гунаҳкор дониста, ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, Лутфуллоев рӯзи 8 сентябри соли равон дар ҳолати мастӣ бо Ҳадятулло Шарипов, ронандаи нақлиёти мусофирбари рақами 25 ҷанҷол карда, ӯро дашном додааст.

"Ҳодиса дар назди бозори Меҳргони шаҳри Душанбе рух дода, шаҳрванд Лутфуллоев Бахтиёр бо додани дашномҳои қабеҳ обрӯю эътибори ронанда Шариповро дар назди мардум паст зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаст", — иттилоъ дод РВУД.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Лутфуллоевро дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, барои ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин кардааст.

547
Барчаспҳо:
дағалӣ, ҷазо, дашном, мусофирбар, ҳабс, Тоҷикистон

Русия расман бо як кишвари дигар парвозҳоро барқарор мекунад

973
(Таҷдидшуда 17:58 01.08.2020)
Боз ҳам на Тоҷикистон: ҳафтае як маротиба аз Маскав ба пойтахти Швейтсария - Женева парвози мустақим анҷом дода хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Федератсияи Русия алоқаи ҳавоиро бо Швейтсария барқарор мекунад, хабар медиҳад ситоди фаврии мубориза бо коронавирус.

Интизор меравад, ки парвози нахустин аз Русия ба Швейтсария рӯзи 15 август анҷом дода шавад.

Дар назар аст, ки ҳафтае як маротиба аз Маскав ба пойтахти Швейтсария - Женева парвози мустақим анҷом дода шавад.

Хушхабари Муҳриддин: ҳамарӯза 2 парвоз самти Тоҷикистону Русия сурат мегирад

Ёдрас мешавем, ки Русия аз 1 август парвозҳои мустақимро бо се кишвар: Туркия, Бритониёи Кабир ва Танзания оғоз мекунад.

Сӯҳбати Раҳмону Эрдуғон: аз ҳамдардӣ то барқароршавии парвозҳо ва таҳдиди "COVID" - 19

Тоҷикистон низ омодагии худро ҷиҳати оғози парвозҳои мустақим бо Русия изҳор дошт.

973
Барчаспҳо:
барқарорсозӣ, барқароршавӣ, парвозҳои мустақим, Русия
Сотрудник милиции проверяет документы у водителя

10 марду 1 зан: пулис аксу навори 11 ронандаи қонуншикан дар роҳи "Корвон" -ро нашр кард

752
(Таҷдидшуда 13:30 31.07.2020)
Ёздаҳ ронандае, ки аз ҷониби пулиси роҳ огоҳонида шуданд, дар роҳи бозори "Корвон" танбашавии сунъии нақлиётро ба вуҷуд меоварданд

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik.  Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе аз рафтори баъзе ронандаҳо дар роҳҳои пойтахт изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ба иттилои котиботи раёсат, гарчанде дар як қисмати роҳи бозори "Корвон" корҳои таъмиру азнавсозӣ ҷараён дошта бошад ҳам, вале баъзе аз ронандагон ба маҳдуд будани роҳ нигоҳ накарда, бар хилофи талаботҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда ба таври сунъӣ тамбашавии ҳаракати роҳро ба вуҷуд меоранд.

Ин қоидавайронкуниҳои ронандагон аз ҷониби шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ мавриди вокуниш қарор гирифта, аз мақомоти милитсия дархост намуданд то нисбати ин ронандагони қонуншикан чораҳои таъсирррасони қонунӣ андешида шавад.

“Қатии любойта, любой хел гап мезанум”: ҷазои ронанда барои зӯргӯӣ-акс

Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати як қатор ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудаанд, тибқи талаботи моддаҳои 324 ва 236 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати дар минбаъда ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ надодан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

Дар миёни ронандагони қонуншикан, 10 марду як зан қарор гирифтанд.

752

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

0
(Таҷдидшуда 21:39 06.08.2020)
Вазири тандурустии Афғонистон изҳор доштаст, ки сеяки аҳолии ин кишвар ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардидаанд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Афғонистон бо нашри гузорише гуфт, ки дар ин кишвар ҳудуди даҳ миллион, яъне аз се як ҳиссаи аҳолии Афғонистон ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Аҳмад Ҷавод Усмонӣ, вазири тандурустии Афғонистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин омор пас аз баррасии натиҷаҳои тести 2500 нафар дар саросари кишвар ба даст омадааст.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

Ин тестҳо ва баррасиҳо, ки бо кӯмаки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ анҷом шудааст, таъмин мезанад, ки акнун 31,5 дарсад аз аҳолии Афғонистон ба ин вирус гирифта шудаанд ва бештарин ҳолатҳои гирифторӣ дар Кобул будааст.

Коронавирус дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо бозгашти ҳазорон муҳоҷири афғон аз Эрон ба кишварашон ворид шуд.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқоте дар мавриди шумораи ҷонбохтагон ва гирифторон ба ин беморӣ дар Афғонистон идома дорад.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, Афғонистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон