Роҳ дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Президент гуфт, чӣ гуна писарони вазирону вакилонро дар роҳҳои Душанбе ором кард

2081
(Таҷдидшуда 09:00 17.09.2018)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар гузашта фарзандони мансабдорони воломақоми давлатӣ дар роҳҳои шаҳри Душанбе зиёд ба қонуншиканӣ роҳ медоданд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни баррасии масъалаи қоидавайронкунӣ дар роҳҳои ВМКБ гуфт, аксаран фарзандони мансабдорон, аз ҷумла фарзандони мақомдорони шаҳри Хоруғ қоидаҳои роҳро вайрон мекунанд.

“Дар шаҳри Душанбе айнан ҳамин аҳвол буд”, — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур афзуд, вазъ дар Душанбе баъди он ислоҳ шуд, ки тибқи талаботи қонун мансабдорон ё фарзандонашон, ки қонуни танзиму қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намекунанд, аз мақом барканор шуданд.

“Хизматчии давлатӣ, хоҳ вазир аст, хоҳ вакил аст, хоҳ муовини сарвазир, касе набошад, аз мансаб сабукдӯш гардид. Ором шуд! Ана ҳамин корро дар ин ҷо ҳам кардан даркор”, — зарур хонд Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ афзуд, хизматчиёни давлатӣ бояд нахуст, фарзандони худро тарбия кунанду баъд дигаронро ташвиқу тарғиб намоянд.

“Фарзанди худашро тарбият карда наметавонад, вай чӣ гуна хизматчии давлатӣ дигаронро ташвиқу тарғиб мекунад? Дар ҳоле ки фарзанди худаш, гапашро намегирад”, — изҳор дошт раисиҷумҳур

Ин дар ҳолест ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон мақомдороне, ки фарзандонашон ба нақзи қонуни танзим ва ё дигар қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд, аз мансабашон барканор мешаванд.  

 

2081
Барчаспҳо:
қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, сабукдӯш, мансабдорон, қонуншиканӣ, Тоҷикистон
Автобусы AKIA AVESTO производимые в Таджикистане

Тоҷикистон тавони истеҳсоли автобусҳои “Акиа” бидуни муҳаррикҳои олмонӣ надорад

259
(Таҷдидшуда 12:17 28.09.2020)
Корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон тасмим дорад 9 автобуси 8-метраро ҷамъу васл намуда, ба фурӯш барорад

ДУШАНБЕ, 28 сен – Sputnik. Ба нақл аз АМИТ “Ховар” ширкати “Мерседес Бенс” эълон кардааст, ки  баъд аз ба эътидол даромдани вазъи паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон  ва пурра боз шудани марзҳо ба ширкати “Акиа” муҳаррики автобусҳои 8-метра равона хоҳад кард.

Гуфта шудааст, ки баъди равон кардани муҳаррикҳо корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон 9 автобуси 8-метраро ҷамъу васл намуда, ба фурӯш мебарорад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст, ки  муҳаррики автобусҳо аз тарафи ширкати германии “Мерседес Бенс” аввал ба ширкати “Акиа”-и Туркия таҳвил дода шуда, сипас ба ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри” равона хоҳад шуд.

Гуфта шудааст, ки корхонаи мазкур аз оғози фаъолият 300 автобус ва соли 2019 148 автобусро ба маблағи 141,7 млн. сомонӣ  ҷамъу васл намуда, ба фурӯш баровардааст. Дар айни замон нархи як адад автобуси тамғаи АКИА-и истеҳсоли Тоҷикистон 132 ҳазор евро мебошад.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар 8 моҳи соли равон корхонаи ҶСП “Агротехсервис”-и шаҳри Ҳисор, ба маблағи 9,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда,    4 трактор ва 6  ядак ба Ӯзбекистон содирот намуд. Масъулон нақша доранд, ки дар оянда ба кишварҳои ҳамсояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ тракторҳо ва дигар таҷҳизоти кишоварзии дар ин корхона истеҳсолшавандаро содирот намоянд. Аз ин хотир яке аз хатҳои васлу насби техникаҳои кишоварзӣ ба содирот нигаронида шудааст.

Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 1700 трактор ва мошинолоти кишоварзӣ мебошад.

259
Барчаспҳо:
корхона, фурӯш, истеҳсол, автобус, Тоҷикистон
Таджикские дороги в Муминабадском районе

Раҳмон роҳи мошингарди "Чилдухтарон - Ховалинг" - ро, ки Амировҳо сохтанд, ифтитоҳ кард

316
(Таҷдидшуда 12:58 25.09.2020)
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминобод роҳи мошингарди "Чилдухтарон - Ховалинг" - ро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Дар ноҳияи Ховалинг бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди "Чилдухтарон - Ховалинг" ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳур.

Ба иттилои манбаъ, роҳи мазкур бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Манбаъ меафзояд, роҳи "Чилдухтарон - Ховалинг" - ро аз моҳи октябри соли 2019 оилаи Амировҳо сохта, бо дарозии 12 километр ба анҷом расониданд.

Раҳмон дар Мӯъминобод бо дастовез ба хонаи сокини маҳаллӣ рафт

Таъкид мешавад, ки баробари мавриди истифода қарор гирифтани он, рафтуомад тариқи ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалинг қариб 70 километр кӯтоҳ шуд.

Кишвардори Тоҷикистон барои хизмати арзандаи оилаи Амировҳо изҳори сипос намуда, дар маконе, ки тамоми табиати Чилдухтарон намоён аст, Кохи сайёҳӣ бо номи "Қадамҷойи Пешвои миллат" - ро ифтитоҳ кард.

316
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, роҳи мошингард, Эмомалӣ Раҳмон

Раҳмон ва Орипов нишон доданд, чӣ гуна бояд дар давраи ҳамагирӣ салом кард - видео

0
(Таҷдидшуда 14:10 30.09.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов зимни вохӯрӣ бо оринҷ салом карданд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов рӯзи 29 сентябр дар Қасри миллат дидору мулоқот карданд.

Аз навор дида мешавад, ки сиёсатмадорон на ба даст балки бо оринҷ салом мекунанд. Ин саломи давраи ҳамагирии коронавирус аст.

Зимни гуфтушунид ҳам, ҳайъати ҳарду давлат бо ниқоби тиббӣ нишастаанд. Яъне қоидаҳои беҳдоштӣ дар сатҳҳои олӣ бисёр ҷиддӣ риоя мешаванд.

Орипов: Раҳмон дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сафҳаи тиллоӣ боз кард

Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ӯзбекистонро ба Тоҷикистон хушомадед гуфту Абдулло Орипов бошад дар навбати худ ба забони тоҷикӣ аз Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ кард.

"Иҷозат диҳед ба шумо барои қабули ҳайъати Ӯзбекистон миннатдорӣ изҳор намоям. Мо шодем, ки дар сарзимини меҳмондӯсти Тоҷикистон ҳастем, - гуфт Орипов ва саломи кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба президент ва мардуми Тоҷикистон расонид.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо дар ин вохӯрӣ бо қаноатмандӣ тамоюлҳои мусбати рушди устувор ва таъмиқи муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла афзоиши мунтазами ҳаҷми тиҷорати мутақобила, кори фаъолонаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро, таъкид доштанд.

Ҳамчунин зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами густариши ҳамкорӣ дар шароити пандемияи бемории сироятии коронавируси нав, президент ба дӯстони узбек барои кумаки башардӯстона, ки дар рӯзҳои барои ҳама вазнин ба Тоҷикистон расониданд, изҳори сипос намудааст.

Соҳаҳои гидроэнергетика ва сохтмони инфрасохтори нави роҳҳо ҳамчун самтҳои дигари умедбахши ҳамкорӣ муайян карда шуданд.

0
Барчаспҳо:
"Салом", дидор, ҳукумати Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Абдулло Орипов, Эмомалӣ Раҳмон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон