Аломатҳои роҳбандӣ, акс аз бойгонӣ

Эълони роҳбандии якмоҳа дар кӯчаи Фирдавсии Душанбе

401
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Фирдавсӣ аз бурриши кӯчаи Борбад то бурриши кӯчаи М.Қосимов барои як моҳ масдуд мешавад

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Тибқи эълони шаҳрдорӣ далели роҳбандӣ, таъмиру азнавсозӣ дар гузаргоҳи 1 кӯчаи Фирдавсӣ мебошад.

“Дар кӯчаи Фирдавсӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт,  аз 2 ноябр то 30 ноябри соли 2018 дар қитъаи роҳи аз бурриши кӯчаи Борбад то бурриши кӯчаи М.Қосимов қатъ карда мешавад”, - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.

Манбаъ аз ронандагони воситаҳои нақлиёт даъват намудааст, ки дар ин рӯзҳо аз кӯчаҳои ҳамшафат бо риояи талаботи “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” истифода баранд.

401