Айби ронандаи “фура”: шарҳи “IRS” дар бораи танбашавӣ дар роҳи Душанбе – Хуҷанд (АКС)

© саҳифи фейсбукии ширкати IRSСадама дар роҳи Душанбе - Чаноқ боиси танбашавии мошинҳо шудааст
Садама дар роҳи Душанбе - Чаноқ боиси танбашавии мошинҳо шудааст - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати “IRS”, масъули нигоҳдории роҳи пулакии Душанбе – Чаноқ танбашавии мошинҳо дар ин масирро айби як ронандаи мошини боркаши калонҳаҷм – “фура”, хондааст, ки бидуни омодагӣ ба фасли сармо ба роҳ баромадааст

ДУШАНБЕ, 02 ноя — Sputnik. Тибқи иттилоияи ширкати “IRS”, ронандаи мошини боркаш бидуни тайёрӣ ба фасли сармо ба роҳ баромада, дар километри 156-ум дучори мушкил шудааст.

“Мутаассифона баъзе ронандагон талаботро сарфи назар карда, дар баробари он, ки худашон ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд, ҳамчунин ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод намуда, танбашавиро ба вуҷуд меоранд”, - омадааст дар иттилоияи ширкат.

Манбаъ афзуд, ки кормандони ширкат, бо кӯмаки ронандагон ва мусофирон тавонистаанд ин автомобилро канор бароранду ҳаракати дигар воситаҳои нақлиётро таъмин намоянд.

Ахиран IRS иттилоъ дод, ки ба далели барфрезии шадид, барои таъмини бехатарӣ аз километри 155 то 173 - юми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазни “притсепдор”  аз плазаи толлингии "Варзоб” ба самти Хуҷанд ва аз плазаи толлингии "Шаҳристон" ба самти шаҳри Душанбе муваққатан масдуд мешавад.

Лентаи хабарҳо
0