Дурбинҳо барои сабти қоидавайронкунӣ дар роҳҳо, акс аз бойгонӣ

Сабти 1,7 миллион қоидавайронкунӣ тариқи дурбинҳои "Шаҳри бехатар"

97
(Таҷдидшуда 17:39 11.11.2018)
Дурбинҳои “Шаҳри бехатар” аз оғози фаъолияташон то моҳи равон беш аз 1,7 миллион ҳолати нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо ошкор кардаанд

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои расмӣ, барои қоидавайронкуниҳое, ки тариқи “Шаҳри бехатар” сабт гардидаанд, 116 миллион сомонӣ ҷарима ситонда шудааст.

Инчунин бо кӯмаки дастгоҳҳои “Шаҳри бехатар” зиёда аз 52 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ва 400 ҷиноят ошкор карда шудааст.

Дурбинҳои “Шаҳри бехатар” дар Душанбе соли 2013 фаъол гардида, арзиши татбиқи ин лоиҳа беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешуд. Маблағ барои татбиқи лоиҳаро Чин ба Тоҷикистон қарз дода буд.

97