Мусофирбар дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Солярка тамом шуд, фароед: вокуниши мақомот ба шикояти Мижгона Ҳалимова - акс

1009
(Таҷдидшуда 11:58 25.11.2018)
Корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” шикояти мусофирон дар хатсайри рақами 43-ро, ки ронандаҳои автобус бо баҳонаи тамом шудани сӯзишворӣ мусофиронро дар нимароҳ мефуроранд, мавриди омӯзиш қарор додааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Мижгона Ҳалимова, яке аз мусофирони хатсайри рақами 43, ки шоми 23-юми ноябр дар нимароҳ фароварда шудааст, хабар дод, ки “Душанбенақлиётхадамотрасон” ба шикояти ӯ расидагӣ кардааст.

Масъулини “Душанбенақлиётхадамотрасон”  изҳор доштанд, ки шикоят дар мавриди он ки ронандаҳо бо баҳонаи тамом шудани сӯзишворӣ мусофиронро дар нимароҳ мефароранд барои чораандешӣ ва бартарафкунии камбудиҳо ба раёсати корхонаи “Автобус – 3” равона карда шудааст. Манбаъ афзудааст, ки дар пайи чораандешиҳо аз натиҷаи он иловатан маълумот дода хоҳад шуд.

Ҳалимова бо тавсиф аз вокуниш ва афроде, ки нисбати мушкилоти дигарон бетарафӣ намекунанд, изҳор дошт, ки мушкилот бояд гуфта шаванд то ислоҳу бартараф гарданд.

Ҳалимова шоми 23 ноябр бо нашри як изҳорот дар саҳифаи фейсбукияш изҳор дошт, ки дар мусофирбари рақами 43 дар маҳаллаи 7-ум километри Душанбе, пулчин аз мусофирон даъват кард, ки фароед, автобусро тела кунед, чун сӯзишворӣ тамом шуд.

Ӯ аз  қавли занону духтарони дохили мусофирбар навишта буд, ки "ҳар бегоҳ автобусҳои 43 ҳамин аҳвол доранд, моро фиреб мекунанд, автобус мехоҳад аз роҳаш гашта, барои одамгирӣ равад. Мо намефароем. Вақте мебинанд, ки одам кам аст, чунин мекунанд".

Ронанда дар шарҳи ин ҳолат гуфтааст, ки мошинҳоро кам – барои се давр бо сӯзишворӣ таъмин мекунанд, ки ба гуфтаи ӯ намерасад. Дар ҳоле ки автобусҳои нав ба Душанбе ворид шудаанд, ронанда изҳор доштааст, ки муҳаррикҳояшон куҳна шудаанд.

Мижгона Ҳалимова бо зикри ин қазия аз масъулин хост, чунин ҳолатҳоро назорату бартараф кунанд, то мусофирон дар нимароҳ саргардон нашаванд.

“Шояд он идораи масъули назорати ин хатсайрҳо аз ин ҳама баҳонакобию ҳиллагариҳои баъзеи ронандагон хабар надошта бошанд. Ё шояд воқеан ҳам онҳоро бо сӯзишворӣ хуб таъмин намекунанд. Аз он ки дар ин торикиву миёни роҳ мардумро сарсону аз як мошин ба дигар мошин "гусел" мекунанд, нишонаи бехирадист”, - изҳор дошта буд Ҳалимова.

1009