Ронандаи автобус, акс аз бойгонӣ

Ҷазои ронандаи автобус ва сипоси масъулин ба шикояткунандагон

581
Корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” аз муҷозоти боз як ронандаи дигари автобус, ки дар хатсайри № 2 мусофирбарӣ мекардааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тибқи иттилои “Душанбенақлиётхадамотрасон”,  дар пайи дарёфти шикояти мусофирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар корхонаи “Автобус -2” амали ронанда Рузиматов Даврон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Барои риоя накардани ҷадвали ҳаракат ва сабқат дар роҳ ронандаи автобус, Даврон Рузиматов ба муҳлати 10 рӯз аз хатсайр барканор карда шуд”, - омадааст дар иттилоияи “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ки Раҷаби Мирзо онро дар гуруҳи фейсбукии таъсисидодааш – “Ахбор барои афкор” нашр кардааст.

Масъулини нақлиёт дар ин иттилоия ба мусофирон барои ҳамкорӣ ва ошкор кардани камбудиҳо изҳори миннтадорӣ намудаанд.

581