Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар истгоҳи автобус, акс аз бойгонӣ

Эълони маҳдудият барои “Мерседес”-ҳои мусофирбар ва оғози кори автобусҳои нав дар Душанбе

4151
Шаҳрдории Душанбе бо нашри як эълон аз ҷорӣ шудани маҳдудият барои ҳаракати мусофирбарҳои “Мерседес- Бенс” ва оғози кори автобусҳои нав дар бархе аз хатсайрҳои пойтахт иттилоъ додааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ҳадафи ин иқдом кам кардани ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад.

Манбаъ афзуд, аз 3 декабри соли равон дар хатсайри микроавтобусии №11, дар масири мактаби №61 - бозори “Балх”, шумораи “Мерседес-Бенс” маҳдуд карда шуда, хизматрасонии автобусҳои №11 роҳандозӣ гардид.

“Дар хатсайри микроавтобусии №10, дар масири Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ - маҳаллаи "Пахтакор" низ шумораи микроавтобусҳо кам карда шуда, фаъолияти автобусҳои хатсайри №10, Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ - маҳаллаи "Пахтакор" ба роҳ монда шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ илова намуд, ки дар хатсайри автобусии №2, дар масири Терминали мусофирбарии шарқ - Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ, теъдоди автобусҳо аз аз 20 ба 26 адад зиёд карда  шуда, ҳаракати мусофирбарҳои хурди №33 тавассути кӯчаи Неъмат Қарабоев маҳдуд гардид.

Шаҳрдорӣ аз мусофирон хоҳиш кардааст, ки аз хизматрасониҳои автобусҳои нави замонавӣ истифода бурда, нақлиёти ҷамъиятиро дар истгоҳҳо мунтазир шаванд.

4151
Барчаспҳо:
эълон, нақлиёт, оғози фаъолият, маҳдудият, Мерседес-Бенс, автобус, Тоҷикистон