Укладка асфальта. архивное фото

Дар Тоҷикистон бо маблағҳои грантиву қарзӣ 12 лоиҳа роҳандозӣ шудааст

145
Дар Тоҷикистон тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 638 млн. 770,7 ҳазор доллар мавриди татбиқ қарор дорад

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода Дар Тоҷикистон 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 638 млн. 770,7 ҳазор доллар мавриди татбиқ қарор дорад.

Ба гуфтаи вай, аз ин 11 лоиҳа ба соҳаи роҳдорӣ рост омада, ки 88,7%-и маблағҳои лоиҳавиро ташкил медиҳанд.

Инчунин, дар ин давра “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара” дар ҳаҷми 67,7 км ба маблағи 54,0 млн. доллар, аз ҷумла қитъаи Гулистон-Исфара, Исфара-Ким, Ким-Кучкак ва Конибодом-Патар, Деҳмой-Пролетар ва Пролетар-Маданият ва чорроҳаи сесатҳа дар маҳаллаи 82-юми пойтахт мавриди истифода қарор дода шуданд.

Худоёр Худоёрзода, таъкид намуд, ки дар доираи маблағҳои сарфагардидаи лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара” дар ҳаҷми 10,3 млн. доллар дар мувофиқа бо Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ таҷдиди қитъаи боқимондаи роҳи мошингарди Конибодом-Патар ва корҳои лоиҳакашии роҳҳои мошингарди “Хуҷанд-Исфара” (марҳилаи 2), Гулистон-Кӯлоб, минтақаи Барсем ва пули “Селхозтехника”-и шаҳри Хоруғ пешбинӣ шудааст.

Церемония празднования завершения строительства тоннеля  Чормагзак
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар (марҳилаи 1-33,2 км)” идома дошта, дар лоиҳаи марҳилаи дуюми он бо дарозии 39,6 км корҳои омодасозӣ, топографӣ, геологӣ, лоиҳакашӣ, заминӣ-хокканӣ, кӯчонидани хати барқ, сохтмони ҷойи хоб ва бинои кории пудратчӣ ва машваратчӣ, инчунин захира намудани маводи сохтмонӣ ҷараён доранд.

Инчунин лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг ва асфалтхобонии қабати дуюми болопӯши роҳ дар қитъаи Сайрон-Қарамиқ таҷдиди роҳи моишнгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг бо дарозии 43 км оғоз гардида, дар ҳоли ҳозир 50 дарсади корҳо иҷро шудаанд.

145
Барчаспҳо:
грант, қарзӣ, барнома, лоиҳа, роҳ, роҳсозӣ, нақлиёт, Тоҷикистон