Автобусҳои нави Душанбе, акс аз бойгонӣ

Нақд ба кор намеравад: шаҳрдорӣ гуфт аз 1 феврал 3 хатсайр ба корт мегузаранд

443
Шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки аз 1 феврал мусофирбарӣ дар се хатсайри дигари пойтахт бо истифода аз кортҳои электронӣ сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Шаҳрдорӣ бо нашри як иттилоия сокинон ва меҳмонони пойтахтро огоҳ кардааст, ки шурӯъ аз 1-уми феврали соли 2019 дар хатсайрҳои автобуси рақами 1, 7 ва 43  пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Манбаъ афзуд, ки автобусҳои рақами 1 дар масири кӯчаи Гагарин – маҳаллаи Чимтеппа, №7 аз  терминали “Шарқ-транс”  то маҳаллаи Дилшод ва №43 аз терминали “Шарқ-транс” то Маркази ташхиси техникии Душанбе ҳаракат мекунанд.

Ба иттилои шаҳрдорӣ шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳо, нуқтаҳои фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва ронандагони автобусҳо дастрас намоянд.

443