Барфрезӣ, акс аз бойгонӣ

Ҳаракат дар масири Душанбе Хуҷанд масдуд шуд

175
Ширкати роҳбони IRS, ки масъули нигоҳдории роҳи Душанбе – Хуҷанд мебошад, аз мутаваққиф шудани ҳаракати нақлиёт дар ин масир хабар дод

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Тибқи эълони IRS, ки субҳи имрӯз нашр шуд, бинобар барфрезии шадиду беист ва хавфи тармафароӣ, бар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ба ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд.

Ширкат таъкид кардааст, ки феълан барои бартарафсозии тармаҳо корҳо ҷараён доранд ва иловатан ба шаҳрвандон дар бораи вазъи роҳ иттилоъ ироа хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки барфрезӣ ва эҳтимоли фаромадани тарма дар кишвар афзоиш меёбад.

175