Ҳавопаймои Тоҷик Эйр, акс аз бойгонӣ

Раиси Ожонси ҳавонавардӣ: “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро аз сар мегирад

344
(Таҷдидшуда 15:59 12.03.2019)
Икром Субҳонзода, мудири Ожонси ҳавонавардии Тоҷикистон мегӯяд, парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр” рӯзи 31-уми март аз сар гирифта мешаванд ва нахустин парвозашро ба Маскав анҷом хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Субҳонзода дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” гуфтааст, тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимшаванда ва иҷозатдиҳандаи ширкати ҳавопаймоии  “Тоҷик Эйр” аз ҷониби Ожонси авиатсияи гражданӣ дастрас карда шудааст.

“Пас аз мувофиқа бо дигар сохторҳои марбута парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар самти Душанбе –Москва барқарор карда мешаванд”, - изҳор доштааст ӯ.

Субҳонзода зикр кард, парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” аз 3 январи соли равон бинобар вазъи молиявии  ширкат муваққатан қатъ гардида буд ва парвозҳои онро ширкати “Сомон Эйр” анҷом медод.

Ин дар ҳолест, ки дар нуқтаҳои чиптафурӯшии Тоҷикистон аллакай аз 11 март фурӯши чиптаҳои “Тоҷик Эйр” барои масири Душанбе – Маскав ва Маскав – Душанбе барои 31 март оғоз гардид.

Масъулини “Тоҷик Эйр” изҳор доштаанд, ки моҳи апрел марҳила ба марҳила парвозҳоро дар дигар хатсайрҳо барқарор хоҳанд кард.

Қаблан ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” дар хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-Урумчӣ-Душанбе, Душанбе-Теҳрон-Душанбе, Душанбе-Алма-ато-Душанбе, Душанбе-Бишкек-Душанбе, Душанбе-Самарқанд-Душанбе, Душанбе-Маскав-Душанбе, Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе, Душанбе-Екатеринбург-Душанбе, Душанбе-Сургут-Душанбе, Душанбе-Нижневартовск-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Душанбе-Хуҷанд-Душанбе ва Душанбе-Хоруғ-Душанбе парвозҳои мунтазамро анҷом медоданд.

“Тоҷик Эйр” тайёраҳои Boeing 737-300, Boeing 757-200, Boeing 767-300, Bombardier CRJ–200, Ан-28 ва чархболҳои Ми-8 МТВ-ро дар ихтиёр дорад.

344