Очевидцы сняли горящий самолет с пассажирами на борту

Оташгирӣ дар ҳавопаймои ҳомили мусофир дар Эрон Видео

366
Оташгирии ҳавопаймои мусофиркаш дар Эрон аз ҷониби тамошобинон ба навор гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори оташгирӣ ва нишасти изтирории ҳавопаймои ширкати Iran Air пайдо шудааст. 

Ҳодиса дар фурудгоҳи байналмилалии Меҳробод ба вуқуъ пайвастааст. Алангаи оташ дар қисматҳои гуногуни ҳавопаймо, ки нишасти изтирорӣ анҷом дод, дида мешавад.

Ба маълумоти пешакӣ, сабаби аланга гирифтани оташ дар қисматҳои ҳавопаймо ин шикасти чархаи он, ҳангоми нишаст ба замин дониста мешавад.

Оташ дар қисматҳои ҳавопаймо ба зуди хомӯш карда шудааст. Аз мусофирон касе осеб надидааст.   

366
Барчаспҳо:
оташ, нишаст, ҳавопаймо, Эрон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Фаврӣ: "Сомон Эйр" тоҷиконро аз Алмато ба Душанбе меорад, рӯзи парвоз дақиқ шуд

368
Ширкати ватании "Сомн Эйр" бо як парвози чартерӣ тоҷикистониёнро аз шаҳри Алматои Қазоқистон ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душане меорад

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз парвози вижаи ширкати "Сомон Эйр" барои бозгардонии ҳамватанон аз Қазоқистон ба Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Вазорати корҳои хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими Қазоқистон мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июли 2020 танзими парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар масири Душанбе-Алмато- Душанбе ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ таъкид карда, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои бақайдгирӣ бояд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии кишвар дар Қазоқистон метавонанд муроҷиат кунанд.

Барои муроҷиат ба сафорат дар торномаи ВКХ рақамҳои телефон ва суроға навишта шудааст.

368
Барчаспҳо:
Сомон Эйр, парвоз, Қазоқистон, Тоҷикистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

"Сомон - эйр" барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон 10 июл ба Минск парвоз мекунад

161
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони мамлакат, ки дар Белорус ва Украина ба сар мебаранд, мерасонад, ки санаи 10 - уми июл парвози чартерӣ самти Душанбе - Минск сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вазорати умури хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими Беларус ва Украина мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвози махсус самти Душанбе - Минс - Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои котиботи вазорат, парвози мазкур рӯзи 10 - июл аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "Сомон - эйр" сурат мегирад.

Манбаъ меафзояд, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ имкон доранд, бо ҳавопаймои мазкур ба Минск парвоз кунанд.

"Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" 8 парвози чартерӣ аз шаҳрҳои Русияро анҷом медиҳанд

Зикр мегардад, Тоҷикистониҳое, ки дар Белорус ва Украина ба сар мебаранд, барои бақайдгирӣ намудан ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Беларус ва Украина муроҷиат кунанд.

161
Барчаспҳо:
Минск, Тоҷикистон, парвоз, "Сомон Эйр"
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон

Дар Чорбоғи Хуросон барои осебдидагон чӣ корҳо анҷом дода шудаанд - акс

0
(Таҷдидшуда 20:40 07.07.2020)
Мақомоти вилояти Хатлон дар бораи ҷараёни сохтмони манзил барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон гузориш дода, аксҳоро нашр намуданд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Котиботи ҳукумати Хатлон зикр кард, ки дар натиҷаи селбориши рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон 67 манзили зист пурра ва қисман хароб шуда буд.

Манбаъ зикр кард, ки барои ҳамаи оилаҳои зарардида аз маҳалли бехавф 8-садякӣ қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои нав ихтисос дода шуд. Ба ҳамаи хонаводаҳо дар баробари маводи фаровони ғизоӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд.

Котиботи ҳукумати Хатлон гузориш додааст, ки то имрӯз дар маҳаллаи Чорбоғ чӣ корҳо ба анҷом расиданд.

Таъкид шудааст, ки аз 67 хонаи бунёдшаванда дар 66 хона бардоштани девор ба охир расид. Дар 60 хона бардоштани бом ва болопӯш оғоз карда шуда, аз ин дар 18 хона бардоштани бом ва болопӯш ба ба итмом расид.

Дар 10 хона корҳои андовакунӣ оғоз шуда, аз ин дар 6 хона корҳои андовакунӣ ба охир расид. Дар 16 хона корҳои фаршу шифтсозӣ идома дошта, дар 2 хона ин корҳо ба анҷом расид.

Манбаъ афзуд, ки таъмини ҳамаи 67 хона бо дару тиреза аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 24 хона бо дару тиреза таъмин ва ҳамаи он насб карда шудааст.

0
Барчаспҳо:
хона, Тоҷикистон