Микроавтобус, акс аз бойгонӣ

Эълони шаҳрдорӣ дар бораи тағйирот дар бахши мусофирбарии Душанбе

2783
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ҳаракати мусофирбарҳои хурд – микроавтобусҳо дар 2 хатсайри дигар дар пойтахт мутаваққиф мешавад

ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik.Тибқи эълони шаҳрдорӣ, аз 10 апрел ҳаракати микроавтобусҳои №67 дар масири маҳаллаи Маърифатӣ-кӯчаи Гагарин қатъ карда мешавад.

Фарҳод Салим, сафири Тоҷикистон дар ИМА
акс аз сомонаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

“Шумораи автобусҳои хатсайри №4 – “Терминали Шарқ-Транс -ҶДММ "Маром”,  ки роҳу кӯча ва маҳаллаҳои хатсайри №67-ро такрор менамояд, зиёд карда мешавад”, - тавзеҳ додааст шаҳрдорӣ.

Ба иттилои манбаъ, инчунин аз 10 апрел ҳаракати микроавтобусҳои №10 дар масири Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ - маҳаллаи Пахтакор низ мамнуъ гардида, хизматрасонии ин хатсайр пурра тариқи автобусҳо ба роҳ монда мешавад.

“Аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосир дар хатсайри №10 истифода баранд”, - изҳор доштааст шаҳрдорӣ.

Манбаъ ҳадафи ин тасмимро кам кардани шиддатнокии ҳаракат ва танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе арзёбӣ кардааст.

2783