Қонуншиканӣ ва ҷаримагурезии занони мошинсавор: рӯйхати ВУД

© SputnikОбщественный транспорт в Душанбе
Общественный транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаву маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар сокини шаҳри Душанбе, Алихонова Мавҷуда бо худрави "Ниссан Тиида" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 34 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

Улица Рудаки в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сайфулло Сафаров дар сархати ронандаҳои ҷаримагурез: рӯйхати ВУД

Ҳушдори БДА ба ронандаҳои ҷаримагурез аз ширкати "Талко Персия" то Asian Express

"Опел Астра"-и мутаалиқ ба сокини шаҳри Душанбе, Муродов Ҳусейн 30  бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Дар ин рӯйхат дар мақоми сеюм аз рӯи нақзи қоидаи ҳаракат, ронандаи худрави "Тойота Камри"-и Мирзозода Ҷаббор сокини шаҳри Душанбе, номбар шудааст.

Ӯ 22 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Аз ҷаримагурезии "Талко Персия" то "Шоҳроҳи Бадахшон": нашри рӯйхат дар ВКД

Дар баробари Алихонова Мавҷуда миёни ронандагони ҷаримагурез исми як зани дигар-Исоева Ҷонона ҳам номбар шудааст. Ӯ 11 бор қоидаи ҳаракатро вайрон карда, ҷаримаашро пардохт накардааст.

Нашри рӯйхати ронандагони ҷаримагурез дар ВКД

Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 9 апрел, рӯйхати 22 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

Лентаи хабарҳо
0