Ҳушдори IRS аз сангрезиҳо ва даъват ба эҳтиёткорӣ - акс

© AP / NIKOLAS GIAKOUMIDISКамнепад, архивное фото
Камнепад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати IRS, ки ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ машғул аст, ронандагонро ба эҳтиёткорӣ даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. IRS бо нашри як иттилоия изҳор доштааст, ки имрӯз, дар натиҷаи бориши пуршиддату давомдори борон дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, алалхусус минтақаи Зарафшон лағжиши куҳпора ва резиши сангпораҳо ба амал омада, то андозае ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт халал ворид намуд.

“Бо дарназардошти ҳолати баамаломада, тамоми имкониятҳо барои бартараф намудани пайомадҳои бориши мазкур сафарбар шуда, бо ҷаҳду талошҳои кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин аст”, - омадааст дар иттилоияи ширкат.

Ин ширкат аз ронандагон  хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаракат эҳтироми якдигаррро ба ҷой оранд ва бодиққат бошанд.

Лентаи хабарҳо
0