Аптечка на подстанции скорой и неотложной медицинской помощи, архивное фото

ВУД: пиёдагард дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиду шахсияти ронанда маълум карда шуд

135
(Таҷдидшуда 12:59 10.05.2019)
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, дар ҳудуди деҳаи Пистамазори шаҳри Ваҳдат пиёдагардро пахш намудааст

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз пахши пиёдагард аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” дар ҳудуди деҳаи Пистамазори шаҳри Ваҳдат иттилоъ додааст.

Манбаъ афзудааст, ки рӯзи 8-уми майи соли 2019, тахминан соатҳои 20:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ануши Фахриддинзода, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, дар ҳудуди деҳаи Пистамазори шаҳри Ваҳдат аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Солиев Аслиддин Шамсиддинович, соли таваллудаш 1983, сокини деҳаи Мачитонро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Солиев А.Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

135
Барчаспҳо:
ваҳдат, мошин, мошин, пахш, пиёдагард
Самолет на закате, архивное фото

Қазоқистон парвозҳои мунтазамро бо Русия ва 6 кишвари дигар барқарор мекунад

358
(Таҷдидшуда 20:02 12.08.2020)
Қазоқистон дар бораи барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо шаш кишвари ҷаҳон аз 17 август эълон кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Парвозҳои байналмилалии Қазоқистон аз 17 август ботадриҷ барқарор карда мешавад, хабар медиҳад Кумитаи авиатсияи шаҳрвандӣ.

Рӯйхати мамлакатҳое, ки шаҳрвандони Қазоқистон метавонанд ба онҳо парвоз кунанд, зиёд нест - танҳо ҳафт кишвар: Русия, АМА, Белорус, Олмон, Недерланд, Миср ва Украина.

Сафорат дар бораи парвозҳои мунтазам миёни Русияву Тоҷикистон

"Вазорати тандурустӣ ҳамроҳ бо ҳукуматҳои авиатсионии кишварҳои дар боло зикршуда масъала барқарор кардани парвозҳои мунтазам пешакӣ баррасӣ кард", - омадааст дар хабарнома.

Парвозҳо мувофиқи созишномаи байналмиаллӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ роҳандозӣ мешаванд.

Дар бораи барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистон чизе гуфта нушадааст.

358
Барчаспҳо:
парвозҳои мустақим, барқароршавӣ, барқарорӣ, Қазоқистон, Русия
Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото

Бозгардонии шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон аз Туркия

121
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз бозгардонии шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон аз шаҳри Истанбул ба Душанбе хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Рӯзи11 августи 2020 бо дастури Эмомалӣ Раҳмон 186 шаҳрванди Тоҷикистон, бо парвози махсуси ширкати “Сомон Эйр” аз шаҳри Истанбул ба Душанбе баргардонида шуданд.

Бино ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ин шаҳрвандон ба далели қатъ гардидани парвозҳо дар Ҷумҳурии Туркия дармонда буданд,

Қаблан, 26 июли соли ҷорӣ 174 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз кишварҳои дигар барои баргаштан ба Ватан ба шаҳри Истанбул омада буданд, бо ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба Душанбе баргардонида шуданд.

Ёдрас мешавем, ки кишвардорони Тоҷикистону Туркия ҳафтаи чанд рӯзе пеш дар бораи аз омодагии ду ҷониб барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам хабар доданд.

Сӯҳбати Раҳмону Эрдуғон: аз ҳамдардӣ то барқароршавии парвозҳо ва таҳдиди "COVID" - 19

Дар гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон омада, ки "президентҳо омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати дар ояндаи наздик аз нав ба роҳ мондани парвозҳои мунтазамро байни ду кишвар таъкид карданд".

121
Барчаспҳо:
шаҳрвандон, баргардонидан, Туркия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Наздикони Гулназар Келдӣ: вазъаш рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст

2317
(Таҷдидшуда 21:57 12.08.2020)
Вазъи саломатии Гулназар Келдӣ, шоири шинохтаи тоҷик, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, ки қаблан ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст шуда буд, феълан муътадил мебошад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Табибон дар пайи бадтар шудани вазъи Гулназар Келдӣ, ӯро ба дастоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карда буданд, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

"Гулназар Келдӣ худро бадтар эҳсос кард ва табибон тасмими гирифтанд, ки ӯро зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронанд”, - изҳор дошт манбаъ.

Аммо наздикони шоири халқӣ мегӯянд, вазъаш рӯ ба беҳбуд ва феълан муътадил мебошад. Дориюш Раҷабиён, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва яке аз наздикони Гулназар Келдӣ дар саҳифааш миннатдории устодро ба ҳамаи онҳое, ки ҷӯёи ҳолашанд, баён дошт.

"Яке-ду рӯзи аввал ба дастгоҳи танаффуси маснӯъӣ ниёз доштанду акнун ҳолашон рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст. Орзумандем, ки базудӣ бо такмили давраи муъолиҷаи худ ба оғӯши хонавода баргарданд", - навишт Раҷабиён.

Қаблан шоири халқӣ ва муаллифи суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” интиқол ёфта буд.

Худи шоир 11 август ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як рӯзи қабл дарди ногуворе саропои вуҷудашро ларзонд ва наздиконаш салоҳ донистанд, ки ӯро ба шифохона интиқол диҳанд.

“Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфт шоири халқии Тоҷикистон.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

2317