Садама дар роҳи Хуҷанд

Ду садамаи нақлиётӣ аз вайронии роҳ дар Ашт

283
(Таҷдидшуда 18:58 15.05.2019)
Шоҳидони ҳодиса иқрор мекунанд, ки вайрону хароб будани роҳи нақлиётгузари дохили ноҳия боиси рухдоди ин садама шудааст

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Сокинони ноҳияи Ашт аз рухдоди ду садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди як ҷамоати ин ноҳия хабар медиҳанд, ки бо сабаби вайрону валангории роҳ ба вуқӯъ пайвастааст.

Бино ба гуфти шоҳидони айнӣ, яке аз ин садамаҳои нақлиётӣ чанд лаҳза пеш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳия Ашт рух додааст. Автомашинаи “Мерседес - бенс” таҳти идораи соҳибаш, ки ба самти деҳаи Марҳамат ҳаракат мекард, дар роҳ бо автомашинаи “Тико”, бар хурдааст. Дар натиҷа чор нафар мусофирони дохили “Тико”, ки ҳамроҳ бо худ кӯдак доштаанд, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба бемористони Дӯстии ҳудуди ноҳия, ки ба маҳалли ҳодиса наздик аст интиқол ёфтаанд.

Гуфта мешавад, ки онҳое, ки дар паи ин садама ҷароҳати вазнин бардошта ва ҳоло дар бемористон қарор доранд, сокинони 18 то 50 солаи ноҳия будаанд. Бино ба гуфти як ронандаи нақлиёт, ки дар вақти рухдоди ҳодиса аз ин роҳ мегузашт, садама дар ҳоле рух дод, ки автомашинаи “Тико” бино бар сабаби вайрон будани роҳ ба самти ҳаракати муқобил баромадааст. Аммо ин шоҳид мегуяд, агар “Тико” ба самти ҳаракат намебаромад ҳам он ба чуқуриҳои роҳ бархурда эҳтимоли шикастастани тагаш ҳам вуҷуд дошт.

Ҳоло шоҳидони садмаҳо иқрор мекунанд, ки вайрону хароб будани роҳи нақлиётгузари дохили ноҳия боиси рухдоди ин садама шудааст. Сокинон ноҳияи Ашт гуфтанд, ки қабл аз зуҳри имрӯз 15-уми май як чунин садамаи нақлиётӣ низ дар роҳи ҷамоати деҳоти Ашт рух додааст. Садамаҳои нақлиётӣ умдатан бо сабаби аз меъёр баланд кардани суръати ҳаракат гуфта мешаванд, вале ҳоло харобу вайронии роҳҳо тавре сокинон мегуянд, муҷиби рухдоди садамаҳои нақлиётӣ мегарданд.

283