Асфальтоукладчик, архивное фото

Шарти вазир ва ваъдаи паймонкор: таҷдиди роҳи Кӯлоб-Қалъаихумб оғоз шуд

1303
(Таҷдидшуда 14:06 02.06.2019)
Таҷдиди роҳи Кӯлоб-Қалъаихумб ахиран бо имзои қарордоди миёни Тоҷикистону ширкати чинӣ оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр ва менеҷери департаменти маркетинги ширкати чинии JV оf СSСЕС Хingiang  Соnstraction  & Еnginiring  (Сгоuр) Со.,Ltd. and СSСЕС АЕСОМ Соnsultations Со, Ltd ҷаноби Зханг Нао Қарордоди иҷрои корҳои сохтмонии Қитъаи А-и роҳи автомобилрди Кӯлоб-Қалъаихумбро имзо карданд.

Вазири нақлиёт намояндагони ширкатро барои пирӯзӣ дар байни 42 ширкат дар озмуни Паймонкор табрик намуда, ваъда кардааст, ки дар оянда низ бо онҳо ҳамкорӣ хоҳад кард.

Имзои қарордоди миёни Тоҷикистону ширкати чинӣ
Имзои қарордоди миёни Тоҷикистону ширкати чинӣ

"Агар дар рафти сохтмон фаъолияти хуб нишон диҳед, шояд дар дигар сохтмонҳо ҳам шуморо таклиф кунем",-гуфтааст вазир ва даъват кардааст, ки корро босифат ва дар муддати муайяншуда бояд ба итмом расонанд.

Роҳбари гуруҳи чинӣ ваъда додааст, ки корро ҳам босифат ва ҳатто пеш аз муҳлат анҷом хоҳанд дод.

Қитъаи А-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаихумб масофаи 32,7 километрро дар бар гирифта,  шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пайваст менамояд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур роҳҳои ҳудуди шаҳри Кӯлоб - 3,3 киллометр -роҳи дараҷаи 2-юм бо назардошти ободонии шафати роҳ, чароғонкунӣ, истгоҳҳо барои нақлиёти мусофирбар, пиёдароҳҳо, ҷуйборҳои обпарто ва ғайра, ҳудуди ноҳияи Муъминобод - 18 киллометр - роҳи дараҷаи 3-юм ва ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 11,4 километр - роҳи дараҷаи 3-юм таҷдиду азнавсозӣ карда мешаванд.

Дар ин қитъа сохтмони 1 пул бо дарозии 42 метр ва 2 пули дигар бо дарозии ҳар кадомаш 33 метр, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ,  нишебиҳо дар минтақаҳои куҳӣ, ҳамчунин тарҳи деворҳои ҳимоявӣ, корҳои пармакунӣ, сохтмони обпартоҳои оҳану бетонӣ, лӯлаҳои обгузар, сохтмони деворҳои ҳимоявӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб - қитъаи F

Рӯзи 24 майи соли равон вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр ва Менеҷери генералии Ширкати Хитоӣ оид ба сохтмони Роҳҳо ва пулҳои Чин (Сhina Roud Bridg Corporation) ҷаноби Ли Чанвэй  Қарордоди иҷрои корҳои сохтмонии Қитъаи F-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумбро имзо карданд.

Қитъаи F-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб- Қалъаихумб масофаи 26 км-ро дар бар гирифта деҳаи Шкевро бо шаҳраки Қалъаихум пайваст менамояд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур роҳҳои ҳудуди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - роҳи дараҷаи 3-юм бо назардошти ободонии шафати роҳ, чароғонкунӣ, истгоҳҳо барои нақлиёти мусофирбар, пиёдароҳҳо, ҷӯйборҳои обпарто ва ғайра азнавсозӣ карда мешаванд.

Дар ин қитъа сохтмонӣ 1 пул бо дарозии 26 метр ва таҷдиди 2 пули дигар бо дарозии 24 метр ҳар кадомашон, 1 нақб бо дарозии 360 метр, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва нишебиҳо дар минтақаҳои куҳӣ, ҳамчунин тарҳи деворҳои ҳимоявӣ, корҳои пармакунӣ, сохтмони обпартоҳои оҳану бетонӣ ва лӯлаҳои обгузар, сохтмони деворҳои ҳимоявӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур харид ва васл намудани ду Пойгоҳи боркашӣ ва боз якчанд навъҳои гуногуни техникаву таҷҳизот дар назар дошта шудааст, ки дар оянда аз ҷониби Вазорати нақлиёт барои нигоҳдории роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихум, ки масофаи умумии 168 км-ро ташкил медиҳад, истифода бурда мешавад.

 Сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва маблағи умумии лоиҳа

Дар доираи лоиҳа аз ҳисоби Фондҳои маблағгузор аз ҷумла: Бонки Исломии Рушд, Фонди Саудии Рушд, Фонди Қувейтии Рушд, Фонди Абу Даби, Фонди ОПЕК ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  115,5 млн. доллари ИМА маблағ пешбинӣ гардидааст, ки барои ҳар ду қитъа тақсим карда шудааст.

1303
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

"Сомон Эйр" барои овардани тоҷикистониён ба Истанбул мепарад: санаи парвоз дақиқ шуд

362
(Таҷдидшуда 12:44 08.08.2020)
Ширкати ҳавонавардии "Сомон Эйр" хабар медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия қарор дошта, хоҳиши баргаштан ба ватанро доранд, ба намояндаии дипломатии Тоҷикистон дар Туркия муроҷиат намоянд

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"  барои овардани тоҷикистониён ба Истанбул парвоз мекунад.

Бар хабари котиботи ширкати мазкур, парвоз дар масири Истанбул-Душанбе  санаи 11 - уми август сурат мегирад. Ҳадафи парвози махсус таҳвили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Туркия ба ватан арзёбӣ мешавад.

Тумани ғафс омили ба таъхир мондани парвози 130 ҳавопаймо аз Русия гардид

Зимнан, котиботи ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" иттилоъ медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши бозгашт ба ватанро доранд, метавонанд ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Туркия ва намояндагии "Сомон Эйр" дар Истанбул муроҷиат намоянд.

"Мутобиқи талаботи нави фурудгоҳи Истанбул ба сифати бори дастӣ ба дохили ҳавопаймо бо худ танҳо лептоп, ҷузвдони занона ва кӯдаконаро гирифтан мумкин аст. Амволи дигари мусофирон ҳамчун бағоҷ гузаронида мешавад", - таъкид мегардад дар хабар.

Зикр гардид, ки меъёри интиқоли ройгони бағоҷ дар самти Истанбул-Душанбе 20 кг муқаррар шудааст. Вақти парвоз аз Истанбул соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Бақайдгирии мусофирон аз соати 9:00 то 11:20 сурат мегирад.

Манбаъ меафзояд, тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Гузашта аз ин, мусофирон баъди фурудоӣ дар Тоҷикистон аз ташхис гузаронида шуда, то муайяншавии натиҷаҳои озмоиш дар минтақаи карантинӣ нигоҳ дошта мешаванд.

"Нафароне, ки дар онҳо сирояти Сovid-19 муайян мегардад, дар давоми 14 рӯз дар минтақаҳои карантинӣ бо ташхису табобат фаро гирифта мешаванд. Мусофироне, ки маълумотномаи гузаштани озмоишро бо натиҷаи "манфӣ" дар мӯҳлати 48 соат пеш аз вуруд доранд, бемамониат ба қаламрави кишвар роҳ дода мешаванд", - таъкид мешавад дар хабар.
362
Барчаспҳо:
Туркия, парвоз, Тоҷикистон, Сомон Эйр
Пост БДА в Хороге, архивное фото

БДА замони баргузории "Муоинаи техникӣ" дар ВМКБ - ро эълон карду онро ҳатмӣ гуфт

559
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ВМКБ аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки дар амалиёт фаъолона иштирок кунанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ ва РВКД дар ВМКБ барои аз муоиниа техникӣ гузаронидани нақлиёт ва ба пуррагӣ ҷамъ намудани андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт дар ВМКБ бо номи шартии "Назорат" амалиёти вижа мегузаронад.

"Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар ВМКБ ба саҳми ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки аз санаи 1-ум то 10-уми августи соли 2020 амалиёти муоинаи техникӣ гузаронида мешавад. Барои гузаронидани воситаҳои нақлиёт дар ноҳияҳои вилоят аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ автомошинаи сайёр сафарбар карда шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Аз аввали соли 2020 то 26-уми июли соли ҷорӣ теъдоди 7 ҳазору 950 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуда, 2 ҳазору 943 ронанда воситаҳои нақлиёти гуногунтамғаи худро дар қаламрави ВМКБ аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузарониданд.

Барои истифодабарандагони воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳкардашуда, ба 301 ронанда иҷозатномаи махсус барои сиёҳшиша дода шуд.

Гуфта мешавад, ки Ҳадафи асосии гузаронидани воситаҳои нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ин саривақт бартараф кардани камбудию норасогиҳои техникии воситаҳои нақлиёт ва дар ҳолати хуб қарор доштани автомашинаҳо буда, баҳри пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ равона гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки дар худи маркази ташхиси техникӣ хизматрасонихои БДА, боҷи давлатӣ, суғуртаи воситаҳои нақлиёт, ташхиси таҷҳизотҳои газӣ, муоинаи тиббии соҳибони воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст.

Ҳангоми гузаронидани воситаҳои наклиёт аз таҷҳизотҳои муосири техникӣ аз қабили санҷиши холати заҳрнокии партовҳои автомашинаҳо, таҷҳизоти рушноисанҷӣ таҷҳизоти санҷиши носозиҳои чамбараки автомашина ва таҷҳизот барои санҷиши тамоми қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо муҷаҳҳаз карда шудааст.

559
Барчаспҳо:
нақлиёт, мушкилоти техникӣ, техникӣ, ВМКБ
Панорама города Худжанд, архивное фото

Дастури шаҳрдори Хуҷанд барои ошкорсозии "бениқобон": гигиенаву масофа риоя намешавад

0
(Таҷдидшуда 11:03 10.08.2020)
Масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо баргузории ҷаласа манбаъи паҳншавӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз бемории вируси коронаро мавриди баррасӣ қарор додаанд

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии ҳукумати Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни кори ҷаласа масъулини шаҳр мавридҳои сироятёбӣ ва мубориза бо бемории коронавируси навъи COVID-19 ро таҳқиқ намудаанд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси Хуҷанд гуфтааст, ки мушоҳида мешавад, ки аз ҷониби баъзе шаҳрвандон талаботҳои беҳдоштӣ риоя намегардад ва ин омил ба афзоиши хуруҷи беморӣ бе таъсир намемонад.

“Бозору ҷойҳои истироҳатӣ ва тўю маъракаҳо аз манбаъҳои паҳншавии беморӣ ба шумор мераванд. Бо вуҷуди муайян шудани талаботи беҳдоштӣ мутаасифона аз ҷониби шаҳрвандон гигиенаи ҷамъиятӣ бастани ниқол риояи масофаи иҷтимоӣ аслан риоя карда намешавад”, гуфтааст Нуруллозода.

Маъруф Муҳаммадзода, раиси Хуҷанд ва сардори Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар аъзоёни ҷаласа дастур додааст, ки дар бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рейд гузаронанд ва ҳолатҳои риоя нашудани тавсияҳои беҳдоштӣ аз сӯи сокинонро ошкор намоянд.
Ахиран Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10 июн ба моддаи 207 – и Кодекси ҷиноӣ (вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ), моддаҳои 112 (риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ) ва 113 (риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия) – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ як қатор тағйиру иловаҳо ворид намуда ҷавобгарӣ аз рӯи ин моддаҳои қонунро шадидтар намуд.

Аз ҷумла дар қисми қисми 1 и моддаи 113 бе ниқоб ҳузур доштанд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шароити буруз ва густариши маризиҳои ба одам хатарнок ё замони иҷрои тадобири қарантинӣ ҷарима дар ҳаҷми аз ду то панҷ нишондиҳанда барои хисобҳо, мутаносибан 116 то 290 сомонӣ таъйин шудааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегуянд, ҳоло ин моддаҳо тоза ба қонун ҳамроҳ шудаанд ва аз ин хотир корҳои тарғиботӣ мебаранд, то мардум моҳияти қонунро дуруст дарк кунанд, дар акси ҳол барои риоя накардани ин бандҳои қонун татбиқи ҷазо ногузир аст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон бегоҳии дирӯз 9 уми август омори тозаи сироятёбӣ, табобат ва фавт аз бемории COVID-19 ро ироа кард.

Ба иттилоъи ин ниҳод дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави беморӣ дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин маризӣ ба 7785 нафар баробар то ин сана 6573 (84,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, дар пайи хуруҷи он то имрӯз 62 нафар фавтидаанд.

0
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон